“Ҷасадашро бо табару арра ба қисмҳо ҷудо кардааст”. Боздошти як ҷавони 33-сола бо гумони куштори рафиқаш

Мақомот мегӯянд, ӯ маводи мухаддир истеъмол кардааст.

Идибеки Саид, asia+

Мақомот дар ноҳияи Файзобод як ҷавони 33-соларо бо гумони куштори дӯсташ боздошт кардаанд. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, қисмҳои ҷасади кушташуда рӯзи 19-уми апрел дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Файзобод, дар соҳиди рӯдхонаи Элок пайдо шудаанд.

Ин ниҳод аз гумонбар, ки баъди ду рӯзи пайдо шудани ҷасад боздошт шудааст, Нурандеш Шарифзодаи 33-сола ном бурдааст. Ӯ сокини кӯчаи Норакиёни шаҳри Роғун будааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса рӯзи 31-уми декабри соли 2025 рух дода, Нурандеш Шарифзода ҳамроҳ бо Насим Раҷабзодаи 43-сола, ки сокини ноҳияи Фархор будааст, дар ҳолати “мадҳушӣ” муноқиша мекунад ва сипас, ӯро ба қатл мерасонад.

Нурандеш Шарифзода, гумонбар, Намогирифт аз гузориши ВКД

Маълум нест, ки далели муноқишаи онҳо чӣ буд.

Гуфта мешавад, ки ӯ ҷасадро ду рӯз нигоҳ дошта, сипас “барои рӯйпӯш кардани ҷиноят ҷасадро бо истифода аз табар ва арраи оҳанбурӣ ба қисмҳо ҷудо карда, як қисми ҷасадро дар таҳхонаи манзили иҷоравиаш зери хок карда, қисми дигарро дар халта ҷой намуда, дар лаби дарёи Элок, воқеъ дар ноҳияи Файзобод бурда партофтааст.

Аммо гуфта намешавад, ки ӯ ҷасадро ду рӯз дар куҷо нигоҳ дошт.

Шарифзода дар навори нашркардаи мақомот гуфтааст, баъди ду рӯзи истеъмоли маводи мухаддир ба ин кор даст задааст.

Аммо маълум нест, ки ин навор таҳти кадом шароит сабт шудааст.

Мақомот нисбати ӯ бо гумони одамкушӣ (моддаи 104-и КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад. Ин банди қонун аз 8 соли зиндон то ҳабси абад пешбинӣ мекунад.

Назари гумонбар ва наздиконаш дар робита ба ҳодиса дастрас нест.

Ба иттилои ВКД, Нурандеш Шарифзода қаблан барои “дуздӣ ва авбошӣ” 15 сол зиндонӣ шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.