Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон зимни як ҷаласаи корӣ, ки имрӯз, 30-юми апрел баргузор шудааст, аз вазъи тақсимоти замин дар минтақа интиқод кардааст.
Сабаби асосии нигаронии роҳбари вилоят ин будааст, ки қитъаҳои замин, ки барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои баландошёна ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ пешбинӣ шудаанд, аксар вақт бидуни риояи қоидаҳо ва ба таври “ғайримақсаднок” “барои сохтмони манзили зист, бинои баландошёна ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ” тақсим карда шудаанд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Давлаталӣ Саид махсусан аз вазифаи худро дуруст иҷро накардани масъулини Кумитаи замин ва раисони маҳалла дар як қатор шаҳру ноҳияҳо интиқод кардааст.
Ин вазъ, ба қавли раиси вилоят, боиси ба вуҷуд омадани камбудҳои ҷиддӣ ва қонуншиканиҳои ошкор дар ин соҳа гаштааст, ки дар ниҳоят ба сатҳи некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.
Дар ин ҷаласа раиси вилоят ба масъулини соҳа супориш додааст, ки барои бартараф кардани мушкилоти мавҷуда ва пешгирӣ аз ҳар гуна ҳолатҳои фасод чораҳои фаврӣ андешанд. Ӯ таъкид кардааст, ки низоми тақсимоти замин бояд комилан шаффоф бошад.
Давлаталӣ Саид хостааст, ки аз натиҷаи роҳҳалҳо ба раиси вилоят маълумот пешниҳод кунанд.
Дар хабари нашршуда омори дақиқе дар бораи қонуншиканиҳо оварда нашудааст ва ҳамчунин маълум нест, ки раиси вилоят мушаххас фаъолияти раисони кадом шаҳру навоҳиро барои иҷрои “ғайриқаноатбахши уҳдадориҳои хидматияшон” интиқод кардааст.
Бояд гуфт, ки баҳси тақсими замин ва ғайриқонунӣ ба шаҳрвандон фурӯхтани қитъаҳои алоҳида дар кишвар падидаи нав нест. Мақомоти Тоҷикистон борҳо аз боздошти мансабдороне хабар додаанд, ки бар ивази маблағ қитъаи заминеро ғайриқонунӣ ба ному насаби шаҳрвандон гузаронидаанд.



