Бар асоси як назарсанҷӣ, соҳаи маориф дар радабанди умумии ниҳодҳои фасодзада зинаи аввалро ишғол кардааст. Тақрибан 20% пурсидашудагон гуфтаанд, ҳангоми муроҷиат ба соҳаи маориф бо порагирӣ ё тамаъҷӯӣ рӯбарӯ шудаанд. Вазорати маориф мегӯяд, натиҷаи назарсанҷиро барои таҳлил ва такмили соҳа истифода мебарад, аммо дар баробари ин, ба фарогирии зиёди соҳа ишора мекунад.
Донишгоҳу донишкадаҳо дар ҷойи аввал
Ин тадқиқоти ҷомеашиносиро соли 2025 Оҷонсии зидди фасод якҷоя бо Маркази тадқиқоти стратегӣ дар 28 шаҳру навоҳӣ ва миёни 10 ҳазор шаҳрванди кишвар гузаронидаанд. Натиҷаи тадқиқот, ки дар Оҷонсии зидди фасод ба чоп расид, нишон медиҳад, ки соҳаи маориф аз фасодзадатарин соҳоти кишвар будааст.
Дар байни тамоми муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳу донишкадаҳо аз ҳама бештар фасодзада гуфта шудаанд. Аз миёни шаҳрвандоне, ки дар соҳаи маориф бо фасод дучор шудаанд, 22.1%-и онҳо маҳз ба ҳамин зинаи таҳсилот ишора кардаанд, ки ин баландтарин нишондод дар тамоми соҳа ба ҳисоб меравад.
Мактабҳои миёнаи умумӣ бо 13.8% дар ҷойи сеюм ва боғчаҳо бо 13.2% дар ҷойи чорум ҳастанд. Коллеҷҳо бо 10.2% ва литсейҳо бо 7.2% дар зинаҳои баъдӣ қарор доранд.
Тадқиқот нишон дод, ки фасод танҳо дар муассисаҳои таҳсилот нест, он ба идораҳои давлатии соҳа низ расидааст. Ришваситонӣ дар раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо 4.4% ва ҳатто дар идораи марказии Вазорати маориф ва илм 4.1%-ро ташкил додаанд.
Фасод дар Маркази миллии тестӣ, ки барои гузоштани имтиҳони ягонаи дохилшавӣ таъсис ёфтааст – 3.6%, дар Агентии назорати давлатӣ дар соҳаи маориф – 2.6%, дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоии касбӣ – 1.7% ва дар Комиссияи олии аттестатсионӣ 1.4%-ро ташкил додаанд.
Вазорати маориф чӣ мегӯяд?
Вазорати маориф ва илм дар посухи хаттии “Азия-Плюс” дар робита ба ин масъала гуфт, “натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологиро ҳамчун як манбаи муҳимми таҳлилӣ барои арзёбии вазъи соҳа ва такмили механизмҳои идоракунӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳад”.
“Дар баробари ин, бояд ба назар гирифт, ки соҳаи маориф аз рӯйи фарогирӣ, шумораи муассисаҳо, кормандон ва шаҳрвандони дар равандҳои он иштироккунанда, бузургтарин соҳаи иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад”, – омадааст дар посухи Вазорат.
Вазорат афзудааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ 795 боғчаву кӯдакистон, зиёда аз 4 ҳазор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, литсею коллеҷҳо, инчунин 48 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият менамоянд. Дар маҷмӯъ, беш аз 2,8 миллион хонанда, донишҷӯ ва тарбиягиранда, инчунин зиёда аз 160 ҳазор омӯзгору корманди соҳа ба низоми маорифи кишвар фаро гирифта шудаанд.
Ба гуфтаи Вазорат, “воқеият ин аст, ки қариб ҳар як оилаи кишвар ба ин ё он шакл бо низоми маориф ва илм дар тамоси доимӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, табиист, ки сатҳи дарки ҷомеа нисбат ба соҳаи маориф нисбат ба дигар бахшҳо бештар инъикос меёбад, зеро маҳз ин соҳа аз ҳама бештар дар тамоси ҳамарӯза бо шаҳрвандон қарор дорад”.
Дар бораи тадбирҳои андешидашуда Вазорати маориф ва илм таъкид кардааст, ки “солҳои охир як қатор тадбирҳои мушаххас, аз ҷумла рақамикунонии хизматрасониҳо, ҷорӣ намудани низомҳои электронии қабул ва баҳогузорӣ, баланд бардоштани шаффофият дар имтиҳонҳо, рушди механизмҳои назоратӣ ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ гардида истодаанд”.
Вазорат ҳамзамон омодагии худро барои ҳамкорӣ бо “тамоми ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма ҷиҳати баланд бардоштани шаффофият, таҳкими эътимоди ҷомеа ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ” изҳор дошт.
Бояд гуфт, ки қариб ҳамасола масъулини Оҷонсии зидди фасод дар нишастҳои матбуотӣ соҳаи маорифро яке аз фазодзадатарин соҳаҳо ном мебаранд.
Соли 2025 ҳам аз рӯйи шикояту боз шудани парвандаҳо миёни соҳаҳои фасодзада соҳаи маориф дар ҷойи дуюм қарор дошт: соли гузашта барои порахурӣ 116 ҷиноят ошкор гардида будааст.
Яке аз шикоятҳои сокинон дар соҳаи маориф ҷамъоварии маблағ барои таъмири синфхонаҳо дар мактабу донишгоҳҳо аст, ки ҳар охири соли хониш ин масъала доғ мешавад. Агарчи Вазорати маориф ва илм борҳо гуфтааст, ки барои таъмир аз хонандаву донишҷӯён талаб кардани маблағ манъ аст, вале мушкил ҳанӯз ҳам бартараф нашудааст.




