Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Сайфиддин Қараев, asia+

Имсол рӯзи таваллуди Мирзо Турсунзода, шоири бузурги тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон дар зодгоҳаш воқеан ба як ҷашн табдил ёфт. Субҳи 30-юми апрел назди нимпайкараи ӯ дар боғи шаҳрии ба номаш вохӯрии расмӣ баргузор шуд. Ин ҷо сокинони маҳаллӣ, хонандагону омӯзгорон ва намяондагони расмӣ, инчунин меҳмонон аз гӯшаҳои Тоҷикистон гирдиҳам омаданд.

– Мо имрӯз боз дар назди нимпайкараем. Ин нимпайкараи шоири мост ва мо аз он ифтихор дорем, – гуфт яке аз сокинони маҳаллӣ ва дар пойи нимпайкара гулдаста гузошт.

Ҳамоиш бахшида ба ҷашни шоир дар бинои ҳукумати Турсунзода баргузор шуд. Чун ҳамеша маърӯзаву баррасиҳо, баҳсу муколамаҳои зинда бо эҳоси хос сурат гирифтанд. Чунки сухан сари инсоне мерафт, ки ба як рамзи миллат табдил ёфтааст. Дар ҳамоиш, на танҳо дар бораи ҳаёти Турсунзода, инчунин таъсири осори ӯ ба аадабиёти муосир ва фарҳанги кишвар маълумот дода шуд. Мақомоти маҳаллӣ барномаи фарҳангӣ омода карда буданд.

Ҳамоиши адабӣ ба муносибати 115-солагии Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш шаҳри Турсунзода. Акс аз asia+

Баъди вохӯрӣ, ширкаткунанаҳо ба Қаратоғ раҳсипор шуданд, то бо зодгоҳи шоир аз наздик шинос шаванд. Маконе, ки зиндагии ӯ оғоз ёфта, баъдан мисраъҳое тавлид шуданд, ки минбаъд ҷовидонӣ шуданд.

Хотироти ҳифзшуда

Дар роҳ ба осорхона мо аз тангкӯчаҳое мегузарем, ки замоне ин ҷо Мирзо Турсунзодаи хурдсол давутоз мекард. Ин тангкӯчаҳои қадимаву пурпечутоби бо пайраҳаҳо пӯшида ва дар иҳотаи дарахтон муҳити солҳои гузаштаро ҳифз кардааст ва ҳар як гӯшаи он моломоли хотираҳо аз шоир аст.

Каме дуртар аз осорхона мо ба хонае мерасем, ки тифливу кӯдакии шоир он ҷо паси сар шудааст. Дар девори он лавҳаи оддие насб гардидааст: “Ин ҷо Мирзо Турсунзода таваллуд шудааст…”. Дуруст аст, ки худи хона аллакай нест ва дар ҷойи он бинои нав қомат афрохта, дар он одамони тамоман дигар зиндагӣ мекунанд, вале хотира дар бораи шоир боқӣ мондааст.

Нимпайкараи шоир дар зодгоҳаш деҳаи Қаратоғ. Акс аз asia+

Осорхона охири солҳои 80-ум номи шоирро гирифта, ҳамчун маркази кишваршиносӣ пешбинӣ шуда буд. Дар он на танҳо дар бораи ҳаёти шоир, инчунин доир ба таърихи Қаратоғ, фарҳангу ҳунармандии он, мавод ҷамъоварӣ шудааст. Дар таъсис ва дастгирии осорхона Руҳулло Ҷӯрабоев, омӯзгор ва кишваршинос, ки ҳифзи хотираи шоир ба як кори тамоми умраш табдил ёфта буд, саҳми босазо гузоштааст.

– Ин суратро ман дар маъракаи азои Мирзо Турсунзода дар даст доштам, – ишора мекунад Ҷӯрабоев ба тасвире, ки дар маркази осорхона овезон шудааст. – Онро дар рӯзи марги шоир ба риштаи тасвир кашидаанд. Ин кори таъҷилӣ буд, аммо дар он тамоми сӯзу гудозе, ки он замон мо доштем, тасвир шудааст.
Лавҳа дар осорхонаи Мирзо Турсунзода. Акс аз asia+

Ҷӯрабоев зикр мекунад, ки чӣ гуна барои осорхона дар аввали солҳои 80-ум мавод ҷамъоварӣ кардааст. Он вақт ӯ мехост на ба номи шоир, балки дар бораи таърихи Қаратоғ осорхона таъсис диҳад. Вале вақте, ки ба ҷамъоварии суратҳои кӯҳна, ҳуҷҷату расмҳо ва дигар нигораҳо оғоз кард, тақдири шоирии Мирзо Турсунзода ногузир ба яке аз қисматҳои ин осорхона табдил ёфт. Ҳамаи нигораҳои мустақилона ҷамъовардаи ӯ бозгӯи “писари шинохтаи ватан” будани шоир аст.

Қаратоғи хурд ва мероси бузург

Бо тамошои нигораҳо мо дарк мекунем, ки Қаратоғ на танҳо зодгоҳи Турсунзода, балки маркази ҳунармандиву фарҳанг ва илми Бухорои Шарқӣ буд. То ҳодисаи заминларзаи соли 1907, инҷо як макони шукуфое буд, ки бо оҳангарону бофандагон, кулолгарону дигар устоҳо маъруф буд. Одамон аз тамоми ҳавза ба ин ҷо меомаданд, то ки ҳунар омӯзанд. Мутаассифона, бисёре аз биноҳо бар асари заминларза тахриб гардида, акнун Қаратоғ ҳамагӣ як деҳаи бузурге асту халос. Аммо дар ҳар як гӯшаи он хотирот аз гузашта ҳифз мешавад.

Дар деворҳо мусаввара ва суратҳо, анҷому лавозимоти шахсии шоир ва оилаи ӯ гузошта шудаанд. Дари кандакорӣ, ки бо дастони Усто Турсун, падари Мирзо Турсунзода сохта шудааст, аз нигораҳои арзишманди осорхона маҳсуб меёбад.

Руҳулло Ҷӯрабоев. Акс аз asia+

Руҳулло Ҷӯрабоев дар бораи чӣ гуна дарёфт кардани ҳуҷҷатҳои нодир ва суратҳо доир ба солҳои аввали зиндагии Мирзо Турсунзода маълумот медиҳад.

– Осорхона ба сифати хона-осорхонаи шоир тарҳрезӣ нашуда буд. Он замоне осорхона шуд, ки ман зарурати ҳифзи хотираи шахсеро дарк кардам, ки як рамзе барои кишвари мо шудааст, – мегӯяд Руҳулло.

Маводи ҷамъоваришударо Ҷӯрабоев ба осорхонаҳои гуногун кишвар тақдим кардаааст, Вале қисмати зиёди маҷмӯа дар Қаратоғ боқӣ монд. Бисёре аз маводҳои ҷамъовардаи ӯ ройгон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон, осорхонаҳои Шаҳринаву Ҳисор ва корхонаи “ТАЛКО” дода шуд.

Нигораҳои арзишманди осорхона. Акс аз asia+

Соли 1993 осорхона ба давлатӣ шуд, вале Руҳулло Ҷӯрабоев то ҳол онро нигоҳубин мекунад. Ҳамаи корҳои осорхона бо маблағҳои шахсии Ҷӯрабоев ва кумаки сокинони маҳаллӣ ба сомон расидааст.

Фирӯза Турсунзода — шаҳодати зинда аз мероси шоир

Дар рӯзҳои ҷашн ба ифтихори 115-солагии Мирзо Турсунзода дар осорхона на танҳо мухлисону ҳаводорони эҷодиёти ӯ, инчунин духтари ӯ – Фирӯза Турсунзода низ ҳузур дошт. Ҳузури ӯ хосса буд, зеро ӯ занҷираи зинда байни ҳамасрони шоир ва шахсоне буд, ки мероси ӯро ҳифзу нигаҳдорӣ мекунанд.

Ӯ паҳлӯи сурати падар дар иҳотаи тасвиру нигораҳо истода буд ва ба назар мерасид, ки ӯ дар ҳар як гӯшаи осорхона ҳузур дорад. Фирӯза ба назди сурат омада, оҳиста гуфт:

– Ҳар як сурат, ҳар як анҷому лавозимот дар ин осорхона қисмате аз рӯҳи ӯст. Ин чизҳо на танҳо нигораҳои осорхона, балки қисмате аз оилаи мо, ҷузъе аз падарам аст.
Фирӯза Турсунзода. Акс аз asia+

Бо тамошои деворҳои осорхона ӯ илова кард: – Барои ман ин осорхона на танҳо маконе бо анҷому лавозимот, балки ҷойест, ки ҳарфу дунё ва зиндагии ӯ нуҳуфтаанд.

Осорхона ҳамчун як рамзи зодгоҳ

Рӯҳулло Ҷурабоев сарфи назар аз мушкилот, роҳи худро идома медиҳад. Ӯ мутмаин аст, ки фарҳанг ва мероси рӯҳӣ, беназир аст. “Фарҳанги рӯҳӣ беназир аст ва ҳамаи чизи марбут ба он, бо пул қиёс намешавад,” — мегӯяд Ҷурабоев.

Ҳамасола дар ҳамоишҳои бахшида ба Мирзо Турсунзода ҳарчи бештар мардум ба осорхона меоянд, то ки ба хотираи шоир арҷгузорӣ кунанд. Дар деворҳои осорхона на танҳо сурату тасвирҳо, балки хотираҳо аз шахсоне овезонанд, ки бо шоир шинос буданду дар паҳлӯяш зиндагӣ мекарданд.

Даромадгоҳи осорхонаи Мирзо Турсунзода дар Қаратоғ. Акс аз asia+

– Осорхонаи на танҳо як бино, балки мероси зиндае мебошад, ки бояд барои насли оянда ҳифзу нигаҳдорӣ шавад, – мегӯяд Руҳулло ва суханони ӯ ба мисли хотира аз Мирзо Турсунзода дар ин деворҳо ҷовидона боқӣ хоҳанд монд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 2-юми май зодрӯзи Мирзо Турсунзода аст. Ӯ соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи водии Ҳисор ба дунё омадааст. Ин шоири ширинкаломи тоҷик, ки аз ӯ қосиди сулҳ низ ном мебаранд, аз камтарин шоирони тоҷик аст, ки шуҳраташ бештар ба муаррифии тоҷикону Тоҷикистон дар дунё рабт мегирад.

Шоир 24-уми сентябри соли 1977 дар 66-солагӣ даргузашт.

Ба бузургдошти номи ӯ, дар Тоҷикистон шаҳри Турсунзода (қаблан шаҳрии Регар) ва Донишкадаи санъати Тоҷикистон, ба номи Мирзо Турсунзода номгузорӣ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.