Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 майи соли 2026

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот аст.

asia+

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз, соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоишномаи кӯдаконаи “Чӯҷаи заррин” ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши чипта 25 сомонӣ аст.

– Имрӯз, охирин рӯзи мусобиқаи “Тоскулоҳи бузурги Душанбе” аст. Он рӯзи 1-уми май оғоз шуд ва дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ дар Душанбе ҷараён дорад. Дар он 40 ҷудокор кишвари моро муаррифӣ мекунанд.

– Имрӯз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Аврупо як қатор чорабиниҳо мегузаронад:

  • Соати 13:00 дар Боғи “Куруши Кабир” ҳамоиши Иттиҳоди Аврупо оғоз мешавад.
  • Соати 19:00 дар майдони назди Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ консерти дӯстии Иттиҳоди Аврупо доир мешавад. Дар он Фаррух Ҳасанов, Нобовар Чаноров ва гурӯҳи “Шамс”, Ширин Ҳамдамова ва сарояндагони маъруфи хориҷӣ шунарнамоӣ мекунанд.

Иштирок барои ҳама хоҳишмандон озод аст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

3-юми май Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот мебошад. Ин рӯз бо ташаббуси Конфронси генералии ЮНЕСКО таъсис ёфтааст ва ҳадафи он таъкид ба нақши калидии матбуоти озод, гуногунандешӣ ва мустақилӣ дар ҷомеаи демократӣ мебошад.

Ин сана ба хотири Эъломияи Виндхук (Windhoek Declaration) интихоб шудааст, ки 3-юми майи соли 1991 дар Намибия қабул гардида, ба зарурати озодии матбуоти Африқо ва таъмини гуногунандешӣ дар воситаҳои ахбори омма бахшида шуда буд.

Ҳамасола Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот ҷомеаи байналмилалиро ҳушдор медиҳад, ки озодии баён ва озодии матбуот аз ҳуқуқҳои асосии инсон ба шумор мераванд ва онҳо дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон мустаҳкам гардидаанд. Ҳимоя ва тақвияти ин ҳуқуқҳо барои рушди демократия ва беҳбуди зиндагии мардум дар саросари ҷаҳон аҳамияти ҳаётӣ дорад.

Соли 2012 – Дар Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” расман манъ карда шуд.

Соли 2013 – Дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ ифтитоҳ ёфт.

Соли 2014 – Китоби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо номи “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то сомониён” ба забони фаронсавӣ чоп шуд.

Соли 2021 – Додситонии кулли Тоҷикистон бар зидди сарбозони Қирғизистон, ки ба шаҳри Исфара ҳамла карда буданд, парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1901 – Мавлуди Муҳаммадҷон Раҳимӣ, шоир ва тарҷумони тоҷик.

Муҳаммадҷон Раҳимӣ баъди Инқилоби Бухоро дар идораҳои молия ва назорат кор карда, муддате мудири шуъбаи тарғиботи Кумитаи марказии Ҳизби комунисти Бухоро будааст.

Соли 1922 ба фидоиён пайваста, дар ҷабҳаҳои Шаҳри Сабз ва Бухорои Шарқӣ ҷангидааст. Соли 1928 мудирии шуъбаи рӯзномаи “Тоҷикистони Сурх” ва баъд мудирии шуъбаи коргузории Комиссариати молияи Тоҷикистонро бар уҳда доштааст. Сипас, солҳои зиёд дар Иттифоқи нависандагон фаъолият кардааст. Муҳаммадҷон Раҳимӣ 23-юми августи соли 1968 аз олам даргузашт.

Нахустин маҷмӯаи ӯ “Шеърҳои интихобкардашуда” соли 1940 чоп шудааст. Баъдан маҷмӯаҳои “Достони санъат”, “Марг ба марг, хун ба хун”, “Ба душман бераҳм бош!”, “Фирӯзӣ”, “Кишвари заррин”, “Тилои сафед”, “Машъали меҳр”, “Афсонаи Симурғ” нашр шудаанд.

Соли 1942 дар асоси навиштаи ӯ филми ҳунарии “Писари Тоҷикистон” ба навор гирифта шудааст.

Муҳаммадҷон Раҳимӣ дар тарҷумонӣ низ дасти қавӣ дорад ва ҳамчунин дар таҳрири луғатҳои русӣ ба тоҷикӣ ҳиссаи сазовор гузоштааст.

Соли 1938 – Зодрӯзи  Муборакшо Ҷумъаев, оҳангсоз ва мусиқидон.

Соли 1954 – Зодрӯзи Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон.

Маҳмадрӯзӣ Искандаров, фармондеҳи Иттиҳоди пешини нерӯҳои мухолифини тоҷик (ИНОТ), пас аз имзои Созишномаи сулҳ ба мақоми давлатӣ расидааст. Ӯ раиси ширкати давлатии “Тоҷикгаз” буд. Соли 1999 раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шуд.

Соли 2003, замоне ки бо ислоҳи Қонуни асосӣ мехостанд, муҳлати президентиро дар Тоҷикистон аз ду 5-солаи пай дар пай ба ду 7-солаи пай дар пай биёранд, Искандаров ва ҳизбаш мухолиф баромаданд. Дертар аз мақоми раиси ширкати давлатии “Тоҷикгаз” барканор гардид ва бо баъзе аз фармондеҳони пешини ИНОТ ба зодгоҳаш дар шарқи кишвар ва баъдтар ба Русия рафт.

Моҳи декабри соли 2004 дар Русия боздошт ва дар баҳори соли 2005 раҳо шуд. Аммо 15-уми апрели ҳамон сол дар Маскав нопадид ва ба таври мармуз ба Душанбе оварда шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2005 Искандаровро ба гуноҳи ташкили ҳамла ба ШКД ва Додситонии ноҳияи Тоҷикобод, ғорати амволи “Тоҷикгаз”, ҳифзу нигаҳдории силоҳ ва муҳофиз 23 сол зиндонӣ кард.

Ӯро ҳамчунин аз рутбаи генерал-майор маҳрум ва ба пардохти ним миллион доллар ба нафъи давлат вазифадор намуданд. Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва тарафдоронаш он замон ба ҳукми додгоҳ розӣ набуданд ва қазияро сиёсӣ мехонданд.

Маҳмадрӯзӣ Искандаров рӯзи 27-уми декабри соли гузашта аз зиндон раҳо шуд.

Соли 1957 – Зодрӯзи Ғуломҷон Бобозода, сиёсатмадор, собиқ вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Соли 1963 – Мавлуди Саида Файзалиева, раққоса, ровии телевизион ва омӯзгори тоҷик.

Соли 1965 – Зодрӯзи Рустам Шоҳмурод, вакили ҳозираи парлумон, вазири пешини адлияи Тоҷикистон.

Рустам Шоҳмурод хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияти кориашро ба ҳайси ёрдамчии прокурори шаҳри Ваҳдат оғоз намудааст. Сипас чанд муддат дар сохтори додгоҳу додситонии кишвар кор кардааст. 

Фаъолияти ӯ дар Вазорати адлия аз соли 1993 оғоз гардид. Солҳои 2009-2012 муовини якуми роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон буд. Моҳи ноябри соли 2013 вазири адлияи Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2020 дар ин мансаб кор кард. Соли 2020 ва 2025 вакили парлумон интихоб шуд.

Соли 1967 – Мавлуди Замира Ғаффорова, адабиётшинос, доктори илми филологӣ, профессор.

Соли 1976 – Зодрӯзи Ғиёсиддин Ашӯрзода, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва вакили парлумон.

Ғиёсиддин Ашӯрзода

Ғиёсиддин Ашӯрзода сеюмин раиси ҲИИТ аст. Ӯ соли 1999 Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси муносибатҳои иқтисоди байналхалқӣ хатм кардааст.

Ашӯрзода солҳои зиёд дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси муаллим, мудири кафедра, декан ва муовини ректор кор кардааст. Соли 2020 вакили парлумон интихоб шуд.

Ахиран рӯзи 20-уми июли соли 2024 раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон интихоб шуд ва дар ин вазифа Рустам Қудратовро, ки аз соли 2019 роҳбари ҳизби мазкур буд, иваз кард. Ҳоло аз ҲИИТ вакили парлумони Тоҷикистон мебошад.

Соли 2008 – Абдуқодир Маниёзов олим ва нависандаи тоҷик дар синни 77-солагӣ дар Эрон даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Аз соли 1994 инҷониб, 3 -юми май дар кишварҳои гуногун, ҳамчун Рӯзи Офтоб ҷашн гирифта мешавад. Он аз ҷониби бахши аврупоии Ҷамъияти байналмилалии энергияи офтобӣ (ISES) барои таблиғи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва аҳамияти ҳаётии офтоб барои Замин таъсис ёфтааст.

Рӯзи 3-юми май инчунин рӯзи ихтирои қалам шуморида мешавад. Дар ҳамин рӯз ихтироъкори амрикоӣ Ҷорҷ Паркер аввалин қалами худкорро ба қайд гирифтааст. Ӯ бо фурӯши қаламҳои ранга машғул буд, вале аз сабаби мушкилиҳои техникӣ ӯ қарор дод, ки худаш қалами беҳтарро бисозад.

Соли 1905 ширкати ӯ “Parker Pen Company” системаи нав – “Button Filling System”-ро патент кард – аввалин қалами дорои системаи механикии пуркунии ранг.

Имрӯз ҳамчунин рӯзи пайдоиши паёми номатлуб (“Спам”) аст. Дар ҳамин рӯз, соли 1978, аввалин паёми таблиғотии номатлуб фиристода шуд. Онро ширкати “DEC” бо мақсади таблиғи компютерҳои наваш тариқи шабакаи “ARPANET” ба 400 нафар ирсол кард. Калимаи “Спам” ба маънои “ахлоти электронӣ” бори аввал соли 1993 аз тарафи маъмури системаи “Usenet” Ҷоэл Фер истифода шуд.

Ба ҳисоби оморӣ, то 85% тамоми паёмҳои электронӣ дар интернет Спас мебошанд, ки қисман тавассути компютерҳои вирусдор паҳн мешаванд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) борида, раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 18+23º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) дар назар буда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят шиддат мегирад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 18+23º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 25+27º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар ғарби вилоят шабона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, баъзан шиддат гирифта, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 19+21º гарм, шабона 12+14º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 21+23º гарм, шабона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 8+10º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 3 ба 4-уми май ба ҳисоб гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.