Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Маводи шарикон

Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар ҳамкорӣ бо созмони ҷамъиятии “Моҳру” барои занони деҳаи Шарораи шаҳри Ҳисор барномаи омӯзиши дӯзандагиро амалӣ кард.

Барномаи мазкур бо иштироки беш аз 10 зани ҷавон сурат гирифта, “ҳадафи он баланд бардоштани малакаҳои касбӣ, ҷалби фаъолона ба раванди истеҳсолот ва таҳкими мавқеи онҳо дар ҳаёти иқтисодӣ мебошад”.

Дар доираи ин барнома, омӯзгорони ботаҷриба ба иштирокчиён давоми 6 моҳ дарсҳои амалии дӯзандагӣ, тарҳрезӣ, буриш ва ороишро тадрис доданд.

Аз ҷониби ТИКА пешниҳод шуд Аз ҷониби ТИКА пешниҳод шуд Аз ҷониби ТИКА пешниҳод шуд Аз ҷониби ТИКА пешниҳод шуд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд. Дар натиҷа, иштирокчиён касби дӯзандагиро аз худ карда, имкони ба даст овардани даромади устуворро пайдо карданд.

Масъулони созмони ҷамъиятии “Моҳрӯ” гуфтанд, ки шогирдон дар оғоз таҷрибаи маҳдуди дӯзандагӣ доштанд, вале дар давоми омӯзиш ба пешравиҳо ноил шуда, дар соҳаҳои дӯхтани либосҳои миллӣ, шим ва либосҳои махсуси корӣ маҳорат пайдо карданд.

Бо мақсади дастгирии онҳо дар роҳандозии тиҷорати шахсӣ, аз ҷониби ТИКА ба ҳамаи хатмкунандагон таҷҳизоти зарурӣ, пеш аз ҳама мошинҳои дӯзандагӣ ва дарзмолҳо тақдим карда шуд.

ТИКА аз соли 1995 инҷониб дар Тоҷикистон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва рушди захираҳои инсонӣ татбиқи лоиҳаву фаъолиятҳори мухталифро идома дода истодааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.