Имсол хонандагони мактабҳо то 31-уми май ба таътили тобистона мебароянд, вале давраи имтиҳонсупории онҳо то 20-уми июн идома мекунад. Донишҷӯён бошанд вобаста ба нақшаи таълимии муассисаи худ бояд имтиҳонҳои худро то 5-уми июл пурра супорида ба таътил бароянд.
Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки синфҳои 1-ум 22-уми май, синфҳои 2-4-ум 29-уми май ва муҳассилини синфҳои 5-11 рӯзи 30-юми май ба таътили тобистона мебароянд.
Манбаъ гуфт, ки муҳлати имтиҳони аз синф ба синф гузаронидан барои хонандагони синфҳои 4 то 8 ва 10 – и муассисаҳои таълимӣ аз 2 то 10-уми июн муйян шудааст.
Муҳассилини синфҳои 9 аз 2 то 15-уми июн ва хатмкунандагони синфҳои 11 бошанд аз 2 то 20-уми июн имтиҳон месупоранд.
Аз ин ниҳод таъкид карданд, ки имсол ҳам мисли солҳои қабл маросими “Занги охир” дар мактабҳои Тоҷикистон баргузор намегардад.
Бояд гуфт, ки қаблан дар Тоҷикистон рӯзи 25-уми май ба таври анъанавӣ поёни соли таҳсил дониста мешуд ва то соли 2009 хатмкунандаҳо онро бо баргузор кардани “Занги охир” ё “Занги камолот” таҷлил менамуданд.
Пас аз манъи таҷлили “Занги охир”, соли 2016 Вазорати маориф ва илм тасмим гирифт, ки ҳама гуна ҷашнҳои марбут ба оғозу анҷоми соли хониш дар мактабҳо манъ карда шавад.




