Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Сайфиддин Қараев, asia+

Чанд рӯз пеш дар пайи раъду барқ дар деҳаи Кадучии шаҳри Турсунзода як ноболиғ ҷон бохта, ду тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳодиса қарибиҳои бегоҳ ҳангоми сайругашти маъмулии се мактабхон дар кӯҳҳои водии Ҳисор рух дод. Он замон шахсияти ноболиғон маълум набуд. “Азия-Плюс” ба хонаи қурбониён рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Сайругаште, ки бо фоҷеа анҷом ёфт

Рӯзи якшанбеи 3-юми май Ҷумъабек Қаҳҳоров, Ҷасур Тилаков ва Санҷар Юлдошев, се хонандаи синфи 11 яке аз мактабҳои шаҳри турсунзода ба кӯҳ рафтанд. Онҳо сайругашт ва ташкили як зиёфати хурдро дар нақша доштанд. Хӯрока, зарфу дегро ба борхалта ҷой карда, аз деҳаи Қамбар ба сӯи доманакӯҳи қаторкӯҳи Ҳисор роҳ пеш гирифтанд. То доманаҳои сабзу чашма ва дарахтони арча онҳоро лозим буд, ки ҳудуди 7-8 километр роҳро тай кунанд.

Сару либоси хонандагон тар шуд. Борону жола аз нишебиҳо ҷорӣ шуда, пайроҳаҳоро мешуст. Дар ҷойе, ки ҳанӯз чанде пеш гузаштан мумкин буд, акнун лойоба равона мешуд. Дар пастхамӣ мондан хатарнок буд, чунки эҳтимол сел меомад. Аз ин рӯ, ноболиғон шитоб доштанд, ки ба болои теппа бароянд.

Вақте ба болои теппа баромаданд, фаҳмиданд, ки дар ҷойи кушод макони пинҳоншавӣ нест. Дар наздикӣ, танҳо як арчаи пире буд ва онҳо назди он шитофтанд.

Доманакӯҳҳои қаторкӯҳи Ҳисор. Акс аз asia+

Наздикону хешовандон бо истинод ба яке аз ноболиғон гуфтанд, овозаи бо телефон мусиқи гӯш кардани онҳо замони воқеа асос надорад ва баръакс, онҳо телефонҳояшонро эҳтиёт карда, дар ҷайбашон пинҳон кардаанд, то об ба дастгоҳ осеб нарасонад.

Тавре хешовандон аз гуфтаҳои яке аз наҷотёфтагон зикр карданд, дар наздикии арча бачаҳо пеши худ пардаи сафедчатоберо диданд, ки ба тумани ғафс монанд буд. Ҳамин замон садои гӯшхароши раъд баланд шудааст.

Яке аз ҷабрдидаҳо: “Ҳамааш дар як лаҳза рух дод”

Ҷумъабек Қаҳҳоров баъдтар ҳодисаро ба шоҳидон нақл кардааст. Ӯ гуфтааст, ки дар он лаҳза онҳоро гирдоб ба дом кашида, ба боло бардошт. Дар хотири ӯ, танҳо лаҳзаҳои аввали пас аз зарба боқӣ мондаааст. Вай танҳо тавонист бинад, ки чӣ гуна Санҷар аз миёни шохаҳои арча ба ҳаво бардошта шуда, аз баландӣ ба замини ноҳамвор афтод. Баъд аз ин, Ҷумъабек аз ҳуш рафт.

Вақте одамон ба ҷойи фоҷиа расиданд, Санҷар аллакай даргузашта буд. Ҷасур ва Ҷумъабек беҳуш хобида, либосҳояшон сӯхта буд. Атроф пур аз ашё ва маводи хӯрока буд. Дегчаеро, ки дар ҷузвдон буд, тавре шоҳидон гуфтанд, пора-пора шуда буд. Дар назди арчаи калон оташаки раъду барқ бо қувваи худ танаи дарахтро шикофта, як қисми онро канда партофта буд.

То деҳаи наздиктарини Кадучӣ тақрибан 4-5 километр роҳ буд. Вақте ки аз ин ҳодиса дар деҳа огаҳӣ ёфтанд, сокинони маҳаллӣ барои кумак одамонро ҷамъ карданд. Беш аз 20 ҷавон зери борон ба ҷойи фоҷеа рафтанд.

Роҳ хеле мушкил буд: нишебиҳои намнок, пайраҳаҳои харобгашта, об дар зери пой. Одамон эҳтиёткорона роҳ мепаймуданд, чунки пас аз чунин боришоти пуршиддат ҳаракат дар нишебиҳои кӯҳ ҳамеша хатарнок аст.

Осебдидагонро ба харҳо бор карданд. Барои Санҷар хеле зуд кати чӯбӣ сохта, ӯро сари китфҳо бурданд. Борон идома дошта, замин намнок буд ва пойҳо мувозинатро нигоҳ дошта наметавонистанд. Одамон ғалтидаву хеста, ба пойин мерафтанд. Баъди чанд соат мактабхонҳоро ба деҳа оварда, сипас бо мошинҳо ба шаҳри Турсунзода фиристоданд. Ҷасади ҳалокшуда ва ду ҷабрдидаро соати 19:10 ба бемористон расониданд.

Ҷасур ва Ҷумъабекро дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ карданд. Ҳарду ҳам дар ҳолати вазнин қарор дошӣтанд. Ба гуфтаи наздикон, якеро қафаси сина ва дигариро қисмати поёнии баданаш осеб дидааст. Вазъи онҳоро табибон зери назорат доранд. Мақомоти шаҳри Турсунзода бо дору ва муолиҷа кумак мекунанд.

Хешовандону наздикон назди дари шуъбаи эҳёгарӣ интизорӣ дошта, ба ҳар як ҳарфи табибон гӯш меандозанд ва умедворанд, ки бачаҳо ба худ меоянд.

“Аввал писарам ва акнун набераамро аз даст додам”

Дар хонаи Санҷар андӯҳи гароне ҳукмфармост. Хешону наздикон, ҳамсояҳо ва шиносҳо хомӯшона омада, дар паҳлӯ менишинанд ва ҳамдардӣ изҳор мекунанд.

Хонае, ки Санҷар дигар ба он барнагашт. Акс аз asia+

Падари Санҷар мегӯяд, ки писараш ба имтиҳонҳои хатм омодагӣ медид ва дар бораи хидмати ҳарбӣ фикр мекард. Санҷар фарзанди сеюм ва писари аввалин пас аз ду духтар дар ин оила буд.

Тамоми ин давра бобои Санҷар – Мусулмон Юлдошев дар паҳлӯи оила қарор дорад. Ӯ одамонро пешвоз гирифта, кӯшиш мекунад, ки наздиконашро дастгирӣ кунад ва барои онҳо як такягоҳе шавад, ҳарчанд худаш зери андӯҳ базӯр ба по рост меистад. Ҳашт сол пеш ӯ писарашро дар Русия аз даст дода буд.

Акнун ғаму андуҳ боз ба хонаи ӯ баргаштааст: наберааш, ки ӯро низ умеди худ медонист, ба ҳалокат расидааст.

“Тақдир гӯиё боз ба ҳамон ҷо зарба мезанад, – ашки чашмонашро пок карда, мегӯяд Мусулмон Юлдошев. – Аввал писарам ва акнун набераамро аз даст додам. Онҳо ҳарду ҷавон ва умедвории ман буданд”.

Акс аз asia+

Мусулмон Юлдошев иброз дошт, ки ҷасади набераашро худаш ғусл додааст. Ба гуфтаи ӯ, зарбаи барқ аз зери қабурғаи тарафи рост расида, аз қисмати дил ва гӯш баромадааст. Хунравиро ҳатто баъд аз марг ҳам боздошта натавонистаанд.

Модари Санҷар мудом ба дарича нигоҳ мекунад. Ӯ то ҳол фикреро, ки писарашро акнун якумр аз даст додааст, наметавонад қабул кунад. Гӯиё ба назар менамояд, ки ӯ ҳозир мисли пешина бо дастагули саҳроӣ ва фарёди хурсандонаи “Модар!” аз кӯҳ бармегардад.

Лекин дарвоза кушода мешаваду ба ҷойи Санҷар дигар одамони барои таъзия ворид мешаванд.

Акс аз asia+

Раъду барқ дар кӯҳҳо чӣ хатар дорад?

Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, ҳамасола дар саросари дунё аз зарбаи раъду барқ ҳудуди 24 ҳазор нафар ҳалок ва боз тақрибан 240 ҳазор нафари дигар ҷароҳат мебардоранд.

КҲФ Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки дар мавсими сафар ва истироҳат дар кӯҳҳо бояд пешакӣ аз вазъи ҳаво, ҳолати роҳҳо ва огоҳии имдодгарон огаҳӣ ёфт. Ҳангоми борон ё баъд аз боришоти шадид набояд ба кӯҳҳо баромад, инчунин дар назди дарёҳо, селроҳаҳо ва ҷару нишебиҳои хатарнок қарор гирифт.

Пеш аз сафар огаҳ кардани наздикон аз хатсайр ва вақти тахминии бозгашт зарур буда, телефони пурра аз қувва пуршуда ҳамроҳ гирифтан лозим аст.

Дар ҳолати рух додани ҳодисаҳои нохуш бо рақами 112 занг задан зарур аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.