Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

asia+

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1992 – Ҳукумати эътилофии ризоияти миллӣ таъсис дода шуд. Ин як кӯшиш барои барқарории сулҳ дар Тоҷикистон буд.

Соли 2010 – Дар Кӯлоб ва навоҳии атрофи он обхезӣ рух дод, ки дар натиҷа 45 нафар ҳалок шуда, тақрибан 4,5 ҳазор кас бехона монданд.

Соли 2015 – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Созишномаи соддагардонии расмиёти савдо бо Созмони ҷаҳонии савдо (СҶТ)-ро ба тасвиб расонид.

Соли 2020 – Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки алайҳи паҳнкунандагони хабарҳои бардурӯғ ва воҳимасозӣ дар робита ба COVID-19 чора меандешад.

Соли 2020 – Марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА (CDC) эълон карданд, ки $1,69 миллион доллар барои кумак ба Тоҷикистон дар муқобила бо COVID-19 ҷудо мешавад.

Соли 2020 – Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон супориш дод, ки 144 контейнери тиббӣ барои ташкили беморхонаи сайёр ба Тоҷикистон фиристода шавад. Ин як кумаки башардӯстона дар авҷи COVID-19 буд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1907 – Зодрӯзи Файз Ҷорубов, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

Соли 1929 – Мавлуди Алиризо Раҳмонқулов, ҳунарпеша ва коргардон, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон.

Алиризо Раҳмонқулов дар аввал саркоргардони Театри мусиқӣ-мазҳакаи Хоруғ, коргардони ансамбли тарона ва рақси “Помир”, саркоргардон ва директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон, коргардони студияи Телевизиони тоҷик буд.

Ӯ солҳои 1967-1972 директори Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ва солҳои 1972-1979 директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон будааст. Баъдан муовини директори Хонаи эҷодиёти халқи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, муовини директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд.

Номбурда бо иҷрои нақшҳои барҷаста дар саҳнаи театр низ симои худро дар ин соҳа абадӣ сохтааст. Ҳамчунин муаллиф ва мураттиби китобҳои “Расму оинҳои нави тоҷикӣ”, “Сурудҳои дилнишин”, “Либосҳои миллии ҳаваскорони санъат” аст.

Алиризо Раҳмонқулов 15-уми июни соли 2020 дар 91-солагӣ дар ноҳияи Шуғнон аз олам даргузашт

Соли 1935 – Зодрӯзи Пӯлод Усмонов, академик, доктори илми биологӣ.

Соли 1948 – Мавлуди Адҳам Холиқов, сарояндаи опера, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Адҳам Холиқов баъди хатми Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Консерваторияи давлатии ш. Маскав солҳои 1970-1980 сарояндаи ансаммбли “Красная звезда” дар Маскав буд.

Баъдан ба Тоҷикистон омад ва то охири умр овозхони (сарояндаи) Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ буд.

Ӯ ҳамчунин дар саҳнаи театр якчанд нақшҳои ҷолиб офаридааст, аз ҷумла дар 30 намоишномаи операвӣ. Нақши Онегин дар “Евгений Онегин”, Демон дар “Демон”, Беҳзод дар “Айнӣ”, Салим дар “Қишлоқи тиллоӣ”, Содиқ, дар “Бозгашт”, Восеъ дар “Фарёди гузаштаҳо” аз нақшҳои дурахшони ӯ мебошанд.

Адҳам Холиқов 3-юми июли соли 2024 дар синни 76-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Соли 1969 – Зодрӯзи Неъматулло Ҳикматуллозода, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Вазири пешини рушди иқтисод ва савдо.

Неъматулло Ҳикматуллозода хатмкардаи Донишкадаи хоҷагии халқи Маскав ва Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия буда, фаъолияти кориашро дар Институти давлатии лоиҳакашии “Тоҷикгипрозем”-и Кумитаи давлатии агросаноатии Тоҷикистон оғоз намуда, минбаъд дар корхонаи хурди “Ориё”-и Иттиҳодияи ҷумҳуриявии “Тоҷиквнешторг”, шуъбаи иқтисодии Вазорати алоқаи Тоҷикистон, шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ фаъолият намудааст.

Баъдан ҳамчун мушовири калони Президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ фаъолият кард. Аз ноябри соли 2012 то феврали соли 2015 муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон буд. Моҳи феврали соли 2015 вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон таъин гардид ва то соли 2020 дар ин вазифа кор кард.

Ҳоло ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ аст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Рӯзи 7-уми май ҳамчун Рӯзи ихтирои радио сабт шудааст. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1895 физики рус Александр Попов дар ҷаласаи Ҷамъияти физикаю кимиёи Русия бо маърӯза ва намоиши нахустин радиоприёмники сохтаи худ баромад намуда, аввалин иртиботи радиоиро ба роҳ монд. Аз ин рӯ, имрӯз ин сана ҳамчун иди кормандони тамоми соҳаҳои алоқа таҷлил мегардад: кормандони телевизион, радиошунавонӣ, почта, алоқа. Ин ид ҳамасола дар Тоҷикистон таҷлил мегардад.

271 сол пеш Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов (МГУ) ба фаъолият оғоз кард. Ин донишгоҳ яке аз қадимтарин муассисаҳои олии таълимии Русия ба шумор меравад, ки соли 1755 бо ташаббуси олими маъруф Михаил Ломоносов таъсис ёфтааст.

Айни замон дар ин донишгоҳ 40 факултет, 15 институти илмӣ-таҳқиқотӣ, тақрибан 750 кафедра ва озмоишгоҳ, Маркази илмӣ-таълимии тиббӣ, китобхонаи илмӣ, 4 осорхона, боғи ботаникӣ, боғоти илмӣ ва филиалҳо дар Севастопол, Тошканд, Остона, Боку, Душанбе ва Ирвон фаъолият доранд.

Соли 1985 Шӯрои вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ қарореро таҳти унвони “Дар бораи чораҳои мубориза бо мастӣ ва майзадагӣ, манъи шаробпазии хонагӣ” қабул кард, ки дар таърих бо номи манъи машрубот (Сухой закон) маъруф гашт. Ин аввалин иқдоми Котиби генералии нави Ҳизби Комунисти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв буд.

Истеҳсоли машруботи хонагӣ ҳатто барои истифодаи шахсӣ манъ ва амали ҷиноятӣ эълон гардид. Дар натиҷа, шумораи ҳолатҳои заҳролудшавӣ аз истеъмоли маводи спиртии пастсифат афзоиш ёфт, аммо ҳамзамон умри миёнаи мардон боло рафт, миқдори таваллуд то 500 ҳазор нафар дар як сол афзуд ва сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфт.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 18+23º гарм, дар водиҳо шабона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 22+27º гарм, дар водиҳо шабона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 11+16º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 23+28º гарм, дар водиҳо шабона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм. 

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 20+25º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 28+30º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 8+13º гарм, дар ғарби вилоят шабона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 31+33º гарм, шабона 17+19º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 31+33º гарм, шабона 18+20º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 34+36º гарм, шабона 18+20º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 9+11º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 7 ба 8-уми май ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.