ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз соати 18:00 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати Рӯзи ғалаба консерти идона баргузор мешавад. Дар он саҳнаҳои театришуда ва иҷрои таронаҳои давраҳои ҷанг дар назар буда, арзиши чипта барои вуруд 55 сомонӣ аст.
– Имрӯз соати 17:00 дар Театир давлатии русии ба номи Маяковский намоиши “Модар, сипос, ки ба ман ҳаёт бахшидӣ” (Мама, спасибо за жизнь) ба саҳна гузошта мешавад. Намоишнома ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст. Арзиши чипта барои вуруд 35 сомонӣ аст.

– Имрӯз соати 10:00 дар толори калони Иттифоқи наависандагон ба муносибати 80-солагии Доро Наҷот, Шоири халқии Тоҷикистон маҳфили адабӣ баргузор мешавад. Вуруд ва иштирок озод аст.
– Имрӯз дар Қазоқистон мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” оид ба ҷудо оғоз шуда, то 10-уми май идома мекунад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин мусобиқа чор ҷудокор намояндагӣ хоҳанд кард.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1954 – Конфедератсияи футболи Осиё таъсис дода шуд. Ба он 47 ассотсиатсияи миллии футболи кишварҳои минтақаи Осиё ва Австралия шомил мешаванд.
Соли 1996 – Сандуқи Байналмилалии Асъор аввалин қарзи худро барои Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 22 миллион доллари ИМА тасдиқ кард. Ин қарз барои дастгирии барномаи ислоҳоти иқтисодии ҳукумат то охири соли 1996 пешбинӣ шуда буд.
Соли 2015 – Дар даври интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018, мунтахаби миллии Тоҷикистон рамзи худ – шер ва шербачаро муаррифӣ намуд. Ин рамзҳо барои баланд бардоштани рӯҳияи даста ва ҷалби таваҷҷуҳи мухлисон ба футбол истифода шуданд.

Соли 2019 – Тоҷикистон раёсати Форуми САҲА оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро ба ӯҳда гирифт. Маросими ифтитоҳи расмии раёсати Тоҷикистон 8 май дар шаҳри Вена баргузор гардид.
Дар ин давра Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ-ҳарбӣ дар Осиёи Марказӣ, баланд бардоштани иштироки занон дар равандҳои қабули қарорҳо дар соҳаи амният ва мубориза бо таҳдидҳои силоҳи сабук ва муҳимоти анъанавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Соли 2020 – Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон супориш дод, ки як ҳавопаймо ба Душанбе кумакҳои башардӯстона, аз ҷумла 10 тонна таҷҳизоти тиббӣ ва доруҳо, инчунин 8 вирусшинос ва эпидемиологро биёрад.
Соли 2020 – Бо супориши шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, ширкати дорусозии“Ориёнфарм” доруҳои заруриро аз Ҳиндустон харидорӣ намуда, ба Душанбе овард. Ин иқдом барои таъмини муассисаҳои тиббӣ бо доруҳои зарурӣ дар шароити пандемияи COVID-19 амалӣ гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1961 – Мавлуди Мусаллам Қодирова, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар даъвати V.
Соли 1967 – Зодрӯзи Бунафша Одинаева, рӯзноманигор ва собиқ муовини раиси Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва муовини пешини вазири фарҳанги Тоҷикистон.
Соли 1980 – Зодрӯзи Сурайё Ҳакимова, адиб, рӯзноманигор ва шоири тоҷик.

Сурайё Ҳакимова шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм карда, соли 2004 фаъолияти худро дар рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” оғоз карда, то ба мақоми муовини сармуҳаррир расидааст. Аз соли 2008 аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст. Ӯ ҳамзамон баъдтар дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба дарсгӯӣ пардохтааст.
Сурайё Ҳакимова дар филми “Тангно” (Суғдсинамо, 2017) яке аз нақшҳои асосиро бозидааст. Ӯ муаллифи чандин китоби адабӣ ва илмӣ низ ҳаст.
Соли 2020 – Нуриддин Маҳмудов, бародари Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пешини Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон ва собиқ раиси Душанбе даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Бо қарори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзҳои 8 ва 9-уми май ҳамчун Рӯзи ёдбуд ва оштӣ эътироф шудаанд. Ин рӯзҳо ба хотири қурбониёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ бахшида шудаанд ва СММ ба кишварҳои узв пешниҳод кардааст, ки як ё ҳарду рӯзро ҳамчун эҳтиром ба қурбониёни ҷанг таҷлил намоянд.

Имрӯз, ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар таҷлил мешавад. Ин рӯз ба шарафи зодрӯзи Жан Анри Дюнан (8 майи 1828), соҳибкор ва гуманисти швейтсарӣ, ки асосгузори Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх мебошад, таъсис ёфтааст. Дюнан барои саҳми арзандааш дар фаъолияти башардӯстона соли 1901 нахустин ҷоизаи Нобелии сулҳро соҳиб гардидааст.

8 майи соли 1945, соати 22:43 ба вақти Аврупои Марказӣ (00:43-и 9 май ба вақти Маскав), дар маҳаллаи Карлсхорсти Берлин санади таслимшавии бечунучарои Олмони фашистӣ ва неруҳои мусаллаҳи он имзо шуд. Ин маросим таҳти раёсати маршал Георгий Жуков баргузор гардид. Бо имзои ин санад, Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар Аврупо ба анҷом расид.

8 майи соли 1949, дар боғи Трептови Берлин ёдгории ҷангӣ ба хотири сарбозони Артиши Сурх, ки дар мубориза бо фашизм ҳалок шудаанд, ифтитоҳ гардид. Ин ёдгорӣ, ки бо тарҳи меъмори шӯравӣ Яков Белополский сохта шудааст, бузургтарин ёдгории ҷангӣ дар Олмон ба ҳисоб меравад.

8 майи соли 1967 дар боғи Александрови назди девори Кремли Маскав маҷмааи ёдбуди “Қабри сарбози номаълум” ифтитоҳ гардид. Дар болои қабр оташи абадии “Шараф” афрӯхта шуд, ки аз маркази ситораи биринҷии сурх шӯъла мезанад. Ин ёдгорӣ ба хотираи сарбозони шӯравӣ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон бохтаанд, бахшида шудааст.

ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 21+26º гарм, дар водиҳо шабона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 32+37º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 23+28º гарм, дар водиҳо шабона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 11+16º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 23+28º гарм, дар водиҳо шабона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 20+25º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 28+30º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 8+13º гарм, дар ғарби вилоят шабона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, дар шарқи вилоят шабона -2+3º.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 32+34º гарм, шабона 16+18º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 32+34º гарм, шабона 17+19º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 34+36º гарм, шабона 20+22º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 10+12º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 8 ба 9-уми май ба ҳисоб гирифта шудааст.




