Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд. Ҳодиса рӯзи 7-уми май дар кӯдакистони №12 ноҳияи Исмоили Сомонӣ рух дода, маррабие, ки кӯдакро задааст, Адиба Ашурова аст. Ӯ аз кор ронда шуда, додситони қазияро таҳқиқ дорад. Ин ҳодиса тақрибан як сол пас аз воқеаи ҷон бохтани як кӯдаки 2-сола дар пайи овезон шудан дар панҷараи ошёнаи дуввуми рахти хоб дар яке аз кӯдакистонҳои дигари Душанбе расонаӣ шуд. Ин ҳодиса рӯзи 19-уми майи соли гузашта рух дода буд ва муррабӣ ва роҳбари кӯдакистон ҷазо гирифтанд.
Ҳарду ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тундеро ба миён овард ва аксаран аз бехатарии кӯдакони худ дар кӯдакистонҳо ва муносибати сарди муррабиёну кормандон муассисаҳо бо фарзандонашон нигаронӣ мекунанд. Онҳо талаб доранд, ки назорат аз болои муассисаҳои томактабӣ пурзӯр карда шавад. “Азия-Плюс” соли гузашта дар пайи ҳодисаи ҷон бохтани тифли дусола зимни овезон шудан аз ошёнаи дуввуми рахти хобаш ин маводро таҳия карда буд, бо ишора ба аҳамияти мавзу ва дубора доғ шудани баҳси бехатарии наврасон дар кӯдакистонҳо онро дубора бознашр мекунад.

Дар як гурӯҳ чанд кӯдак бояд бошад?
“Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Тоҷикистон” дар робита ба теъдоди кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ вобаста ба синну сол чунин мегӯяд:
– гурӯҳи якуми синни бармаҳал (аз 1 сола то 1 солаву 6 моҳа) – 12 нафар;
– гурӯҳи дуюми синни бармаҳал (аз 1 солаву 6 моҳа то 2 сола) – 12 нафар;
– гурӯҳи якуми хурдакакон (аз 2 то 3 сола) – 22 нафар;
– гурӯҳи дуюми хурдакакон (3-4 сола) – 22 нафар;
– гурӯҳи миёна (4-5 сола) – 25 нафар;
– гурӯҳи калонҳо (аз 5 то 6 сола) – 25-30 нафар;
– гурӯҳи томактабӣ (синни 6-7 сола) – 30 нафар.
Дар бораи рахти хоб ва уҳдадориҳои мураббӣ дар вақти хоб
Дар фармоиш “Дар бораи Меъёрҳои санитарӣ ва қоидаҳои “Талаботи гигиенӣ ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ” нисбати катҳо талабот муқаррар шудааст. Аз ҷумла, дар он гуфта мешавад, ки барои пешгирӣ аз ҷароҳат гирифтани кӯдакон, катҳои дохилии дуқабата истифода намешаванд.
Дар ҳамин ҳол, дарозии катча барои кӯдакони 3-7-сола 140 см, бараш – 60 см ва баландиаш – 30 см-ро ташкил медиҳад. Масофаи байни қатори катҳо бояд на камтар аз 0,65 м, аз деворҳо то катчаҳо – 0,6 м ва аз дастгоҳҳои гармидиҳӣ – 0,2 м бошад
Барои кӯдакони гурӯҳҳои ширхоргоҳ катҳоро дар масофаи на камтар аз 0,3 м аз ҳамдигар ва 0,5 м байни қаторҳо ҷой медиҳанд. Катчаҳо барои кӯдакони то 3-сола бояд 120 см дарозӣ, 60 см – бар, 95 см баландӣ аз фарш, дар сатҳи 30 см ва 50 см баландии тағирёбандаи бистар дошта бошанд.
Ҳамчунин зикр мешавад, ки кӯдакон инфиродӣ бояд бо лавозимоти бистар, дастмол ва лавозимоти гигиенаи шахсӣ таъмин карда шаванд.

“Дар вақти хоби кӯдакон ҳузури мураббӣ (ё ёвари ӯ) дар бинои хоби тарбиятгирандагон ҳатмӣ аст”, – гуфта мешавад дар қоидаҳо.
Уҳдадориҳои худи мураббиён чӣ?
Дар Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Тоҷикистон уҳдадориҳои омӯзгор (муррабӣ)-и кӯдакони синни томактабӣ чунин зикр шудааст:
– омӯзгор бояд донишҳои психологияи томактабӣ, педагогӣ ва асосҳои педагогикаи коррексиониро дошта бошад;
– педагог барои сифат ва натиҷаи фаъолияти худ ҷавобгар аст;
– шавқу рағбати мустақил будани кӯдаконро дастгирӣ менамояд;
– доираи амалҳои мустақилонаи кӯдакро бо назардошти афзоиши имкониятҳои ӯ васеъ мегардонад.
“Кори тарбияро бо кӯдак дар муассисаҳои томактабӣ мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ амалӣ менамоянд. Кормандоне, ки маълумоти омӯзгории томактабӣ надоранд, дар асоси хулосаи комиссияи аттестатсионӣ барои кор бо кӯдакон роҳ дода мешаванд. Ин кормандон тибқи тартиби муқарраргардида аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ мегузаранд”, – зикр мешавад дар санад.
Сайругаштро чӣ гуна ташкил кардан лозим аст?
Дар талабот ба ташкили реҷаи рӯз ва машғулиятҳо ба ҷуз дигар талабот, инчунин қоидаҳои сайругашти кӯдакон муфассал зикр мешавад.

“Давомнокии сайругашти ҳамарӯзаи кӯдакон на камтар аз 4-4,5 соатро ташкил медиҳад. Сайругашт дар як рӯз 2 маротиба ташкил карда мешавад: дар нимаи аввали рӯз – то хӯроки нисфирӯзӣ ва нимаи дуюми рӯз – пас аз хоби рӯзона ё пеш аз ба хона рафтани кӯдакон. Дар сурати ҳарорати – 15° С ва зиёда аз 7 м/с будани суръати шамол давомнокии сайругашт камтар карда мешавад.
Дар ҳолати ҳарорати -15° С ва зиёда аз 15 м/с будани суръати шамол барои кӯдакони то 4-сола ва ҳарорати -20°С ва зиёда аз 15 м/с будани шамол, барои кӯдакони синни 5-7-сола сайругашт гузаронида намешавад.
“Дар вақти сайругашт гузаронидани бозиҳо ва машғулиятҳои ҷисмонӣ лозим аст. Бозиҳои серҳаракат дар охири сайругашт пеш аз ба бинои муассисаи таълимӣ баргаштан гузаронида мешаванд”, – гуфта мешавад дар талабот.
Пешгирии сироятшавӣ
Кӯдакистон ҷоест, ки кӯдакон метавонанд ба шамолхӯрӣ ва дигар сироятҳо аз дигар кӯдакон гирифтор шаванд. Барои ин ҳолатҳо қоидаҳои муайян вуҷуд доранд:
а) риояи қатъии қоидаҳои қабули кӯдаконе, ки ба муассисаи таълимии томактабӣ меоянд;
б) қабули ҳаррӯзаи субҳ;
в) қоидаҳои гигиенаи шахсии кӯдакон ва ҳайати хидматрасон;
г) қоидаҳои рӯбучин ва поккории қаламрав ва биноҳо;
д) коркарди таҷҳизот, зарф, бозича, ивази ҷойпӯши хоб ва либоси тагпӯш.
Гуфта мешавад, ин корҳо бояд мунтазам гузаронда шаванд.

Ба ҳар ҳол, агар кӯдакон сироят ёфтанд, ба қоидаҳо безараргардонии зарфу бино, ҷойпӯши ҷогаҳу либоси тагпӯш ва лавозимоти рӯбучину поккорӣ илова мешавад.
Талаботи санитарӣ-гигиенӣ
Дар кори кӯдакистон тозагии бинову ҳуҷраҳо муҳим аст. Тибқи қоидаҳо, фаршҳо дар 1 рӯз бояд 3 бор шуста шаванд (1 бор бо гирифтани мебел). Мебелу гармидиҳиҳо ва пештахтаи зери тиреза бо латтаи намнок тоза карда мешаванд.
Ба ғайр аз рӯбучину тозакунии ҳаррӯза, дар як ҳафта як маротиба бо истифодаи маводи самараноки шустан ва безараргардонӣ (аз ҷумла маҳлули 1% хлор) рӯбучин ва поккории умумӣ (генералӣ)-и бинову таҷҳизот гузаронида мешавад.
“Таҷҳизоти мулоим ва кату болишт метавонанд на танҳо бо чангу хок ва микроорганизмҳо, балки бо тухми кирмҳо низ ҳаворо ифлос намоянд”, – омадааст дар матни стандартҳо.
Илова бар ин, дар бораи ғизо, бозичаҳо, давомнокии машғулиятҳо, равшанӣ ва дигар масъалаҳо дастурҳои дақиқ мавҷуданд.





