Дидори Си Ҷинпин ва Доналд Трамп, раисҷумҳурҳои ду иқтисоди бузурги ҷаҳон баъди беш аз ду соат поён ёфт. Бештар аз ду баробар аз вақте, ки дар аввал барои ин музокирот барномарезӣ шуда буд. Дар ин мулоқот, ки пас аз чанд маросими бошукуҳ, субҳи имрӯз, 14-уми май, дар шаҳри Пекин анҷом шуд, ҳарду раҳбарро ҳайатҳои баландпоя ҳамроҳӣ карданд.
Доналд Трамп баъди музокирот бо Си Ҷинпин ин гуфтугӯро “олӣ” тавсиф кард. Аммо ӯ ба саволи ба такрори хабарнигорон дар мавриди он ки дар суҳабат бо ҳамтои чинияш масъалаи Тайванро баррасӣ кардааст, ё не, посух надод. Танҳо изҳор дошт, ки “ҷойи хуб, шигифтангез, Чин зебост”.
Қаблан, гуфта мешуд, ки дар ин мулоқот масъалаи фурӯши аслиҳаҳои Иёлоти Муттаҳида ба Тайван низ баррасӣ мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории давлатии Чин – “Синхуа” навиштааст, ки дар гуфтугӯ бо Доналд Трамп, Тайван “муҳимтарин масъала дар муносибатҳои Чин ва Амрико” аст.
Ҳамакнун қарор аст, ки раисҷумҳури Амрико имшаб дар зиёфати расмие, ки барои ӯ дар Чин баргузор мешавад, ширкат кунад.
Раисҷумҳури Чин дар мулоқот бо Доналд Трамп гуфт, “тамоми ҷаҳон дидори моро зери назар доранд. Дар айни замон, таҳаввулоте, ки дар як асри гузашта бесобиқа буданд, бо суръат дар саросари ҷаҳон дар ҳоли вуқуъанд ва вазъияти байналмилалӣ ноустувор ва пурталотум шудааст”.

Си Ҷинпин афзудааст, ки ҳамеша бовараш бар ин будааст, ки Чин ва Амрико “манфиатҳои муштараки бештар нисбат ба ихтилофот доранд” ва ду кишвар “аз ҳамкорӣ фоида мегиранд, аз муқобила бошад, зиён хоҳанд дид”.
“Мо бояд шарик бошем, на рақиб. Мо бояд ба якдигар дар муваффақият ва шукуфоӣ кумак кунем ва роҳи дурусти ҳамкории қудратҳои бузургро дар асри нав пайдо кунем”, – изҳор дошт раҳбари Чин.
Доналд Трамп дар навбати худ дидор бо ҳамтои чинияшро “боиси ифтихор” донист ва афзуд, ки “ифтихор мекунам, ки дӯсти шумо ҳастам”.
Ӯ дар идома дар хитоб ба Си Ҷинпин гуфт, ки “мо муносибати хуб доштем ва ҳар вақте мушкиле пеш меомад, мо онро ҳал мекардем. Ман ба шумо занг мезадам ва шумо ба ман занг мезадед… Мардум намедонанд, аммо ҳар вақте мо мушкиле доштем, онро хеле зуд ҳал мекардем”.

“Шумо раҳбари бузурге ҳастед. Баъзеҳо дӯст надоранд ман инро гӯям, аммо ин ҳақиқат дорад ва ман ҳамеша онро мегӯям”, – зикр кард Трамп.
Ӯ илова кард, ки “беҳтарин” тоҷирони ҷаҳонро бо худ овардааст ва робитаҳои Вашингтону Пекин “беҳтар аз ҳар замони дигаре хоҳад шуд”.
Раисҷумҳури Амрикоро дар ин сафар аз ҷумла Марко Рубио, вазири хориҷа, Пит Ҳегсет, вазири ҷанг ва Скотт Бессент, вазири молияи ин кишвар, ҳамчунин, ҳайати баландпояи тиҷорие аз қабили Илон Маск, роҳбари ширкатҳои “Tesla” ва “SpaceX”, Ҷенсен Ҳуанг, роҳбари “Nvidia” ва Тим Кук, раҳбари ширкати “Apple” ҳамроҳӣ мекунанд.
Ин аввалин сафари як раисҷумҳури Амрико дар ҳудуди даҳ соли гузашта ба Чин аст. Охирин маротиба ҳам худи Трамп ба ҳайси раисҷумҳури ин кишвар соли 2017 ба Чин омада буд.





