Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Шаҳноз Ализода, asia+

Дар беш аз чор моҳи соли равон (аз 1-уми январ то 13-уми май) 56 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва 8 тани дигар дар натиҷаи офатҳои табиӣ ҷони худро аз даст додаанд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода (КҲФ) ба “Азия-Плюс” иттилоъ дододанд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, 56 кас дар пайи чунин ҳодисаҳои нохуш ҷон бохтанд:

– 36 ғарқшавӣ;

– 9 худкушӣ;

– 9 садама;

– 1 пайдо кардани ҷасад баъди бедаракшавӣ;

– 1 пайдо кардани ҷасад дар шароити марги мармуз.

Марги қариб 40 кас дар пайи ғарқшавӣ дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон

“Дар маҷмуъ, дар ин давра 42 ҳолати ғарқшавии одамон сабт шудааст, ки 6 кас наҷот дода шуданд. Аз теъдоди умумии ғаршудаҳо, 18 тан кӯдаку наврас мебошанд.Ин ҳодиса бештар дар вилояти Хатлон (10-ҳолат) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи кишвар (11-ҳолат) рух додаааст”, – гуфтанд аз КҲФ.
Акси марбут аз сомонаи pixabay.com

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки дар пайи зиёд шудани ҳодисаҳои ғарқшавӣ масъулини ин ниҳод дар байни сокинон риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозиро мефаҳмонанд. Аз ҷумла чанде пеш дар чанд мактаби шаҳри Ҳисор ба хонандагон хатари шиноварӣ дар ҷойҳои манъшуда, аз ҷумла каналу дарёҳо ва оқибатҳои он таъкид шуда, ба наврасон тавсия додаанд, ки бе калонсолон ба оббозӣ нараванд.

Соли 2025 дар 180 нафар дар пайи ғарқшавӣ ҷони худро аз даст дода буданд: 32 зан ва 148 мард.

Ҷон бохтани 8 кас дар пайи ҳодисаи табиӣ дар чаҳор моҳ

Намояндаи ин ниҳод гуфт, дар 4 моҳи охир, дар кишвар 644 ҳодисаи табиӣ рух додааст, ки дар пайи онҳо 8 кас ҷон бохта, 122 кас наҷот дода шудаанд:

  • – 3 кас дар пайи фаромадани тарма ва ярч;
  • – 1 кас дар пайи сангрезӣ;
  • – 1 кас дар пайи раъду барқ;
  • – 3 так дар пайи селу обхезӣ.

Соли гузашта дар Тоҷикистон 287 ҳодисаи фавқулода ва офати табиӣ сабт шуда буд, ки дар пайи он 6 нафар ҷон бохта, ба иқтисоди кишвар 20 миллиону 758 ҳазор сомонӣ зарар расидааст.

Ёдовар мешавем, ки шаби 1-уми май дар шаҳри Кӯлоб сел омад, ки дар пайи он се нафар ҷони худро аз даст дода, се тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Чанд хона ва иншооти гуногун зарар дидаанд. Ҳоло хисороти обхезӣ дар шаҳри Кӯлоб маълум нест. Мақомот қаблан гуфтанд, дар пайи сел дар ин шаҳр 850 оила зарар дидааст.

Тафсилоти ин ҳодиса ва ҳаёти сокинони шаҳрро баъди обхезӣ дар гузориши “Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд? мутолиа кунед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.