Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

Шоираи Қудрат, asia+

Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет дар соли 2025-ум 47 хол аз 100 холи имконпазирро соҳиб шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2023, ки бори ахир ин шохис нашр шуда буд, 14 хол бештар аст. Аммо бо вуҷуди боло рафтани холҳо, натиҷаи бадастомада барои арзёбии сиёсати молиявии кишвар кофӣ нест, зеро натиҷаи қобили қабул аз 61 хол бештар аст.

Мувофиқи маълумоте, ки “Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” дар сомонаи худ нашр кардааст, дар радабандии имсола аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон ва Қирғизистон арзёбӣ шуда, Қирғизистон бо 69 хол дар мавқеи болотар аз меъёр қарор дорад.

Аммо дар ҳамин ҳол Тоҷикистон аз давлати Чин (19 хол) ва Афғонистон (0) пешсаф аст.

Намогирифт аз сомонаи “Шабакаи байналмилалии буҷетӣ”

Ба иттилои манбаъ, ин радабандӣ дар асоси саривақт тариқи онлайн нашр кардани 8 ҳуҷҷати асосӣ дар бораи буҷет арзёбӣ мешавад. Мувофиқи хулосаҳо, Тоҷикистон баъзе аз онҳоро нашр мекунад, аммо қисми дигар ё дер нашр мешаванд ё пурра дастрас нестанд. Аз ҷумла, “Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” ба дастрасии ин ҳуҷҷатҳо чунин баҳо додааст:

Нашри пешакии буҷет – 56 хол;

Лоиҳаи буҷети ҳукумат – 54 хол;

Буҷети қабулшуда – 83 хол;

Буҷети шаҳрвандӣ – 50 хол;

Ҳисоботи ҷорӣ – 59 хол;

Баррасии нимсолаи буҷет – 48 хол;

Ҳисоботи солона – таҳия нашудааст;

Ҳисоботи аудит – 38 хол.

Тибқи арзёбиҳо, Тоҷикистон дар чанд самт пеш рафтааст. Аз ҷумла, бори аввал баррасии нимсолаи буҷетро онлайн нашр кардааст, маълумоти бештарро дар лоиҳаи буҷет ва иттилоъ дар бораи қарз ва хароҷотро дар изҳороти пешакии буҷет васеътар ҷой додааст.

Аммо ин шабака менависад, баъзе мушкилот ҳанӯз боқӣ мондаанд ва баъзе маълумоти муҳим дигар нашр намешаванд. Аз ҷумла, тақсимоти хароҷот аз рӯйи гурӯҳҳои иқтисодӣ хориҷ шудааст, ҳисоботи солонаи буҷет омода намешавад ва дар бораи хатарҳои молиявӣ ва қарзҳо маълумот кам аст. Яъне мукаммалии ҳуҷҷатҳои буҷетӣ ҳанӯз нокофӣ боқӣ монда, коҳиши ҳаҷми интишори иттилоот дар баъзе ҳуҷҷатҳо ба назар мерасад. 

Иштироки ҷомеа – 17 хол аз 100

Тоҷикистон дар ин радабандӣ аз рӯйи иштироки шаҳрвандон дар раванди буҷети давлатӣ ҳамагӣ 17 хол гирифтааст. Яъне шаҳрвандон барои иштирок дар таҳияи буҷет имкони маҳдуд доранд, муҳокимаҳои ҷамъиятӣ кам ва иштироки ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар баррасии буҷет суст аст.

Акси марбут, Сохтаи ҳушвора

Дар муаррифии натиҷаҳои дафъаи гузашта Уктам Ҷумъаев, коршиноси мустақили “Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” аз Тоҷикистон, ки таҳқиқоти рейтингро гузаронида буд, иштироки ҷомеаро аз унсурҳои муҳим гуфта буд.

“Иштироки ҷомеа дар тамоми марҳилаҳои раванди буҷет як унсури хеле муҳими баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва паст кардани сатҳи коррупсия дар умури молии давлатӣ мебошад”, – афзуда буд ӯ.

Тавсияҳои шабака барои беҳтар шудани мавқеи Тоҷикистон дар шохис

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” барои беҳтар шудани мавқеи Тоҷикистон ва шаффофияти буҷет дар ин шохис тавсия додааст, ба иқдомҳои зерин афзалият дода шавад.

1. Нашри саривақтӣ ва мунтазами Ҳисоботи солона дар интернет мутобиқ ба таҷрибаҳои беҳтарини байналмилалӣ ва ба як низоми доимӣ табдил дидани он.

2. Ҷо додани маълумоти мукаммалтар дар бораи хавфҳои фискалӣ ва дурнамои макроиқтисодӣ, аз ҷумла, маълумот дар бораи интиқоли маблағ ба таҳкилотҳои давлатӣ, фаъолиятҳои квазифискалӣ, дороиҳо, қарзҳои пардохтнашудаи хароҷот, уҳдадориҳо ва устувории молиявӣ, уҳдадориҳои шартӣ ва таҳлили ҳассосият.

3. Нашри маълумот дар Лоиҳаи буҷети ҳукумат оид ба хароҷот аз рӯйи таснифоти иқтисодӣ.

4. Нашри нишондиҳандаҳои макроиқтисодии таҳиякардаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо Изҳороти пешакии буҷет.

5. Беҳтарсозии Ҳисоботи аудит тавассути пешниҳоди хулосаи иҷроия ва нашри оммавии тадбирҳои мушаххасе, ки ҳукумат барои иҷрои тавсияҳои аудит андешидааст.

6. Мукаммал сохтани баррасии нимсолаи буҷет тавассути пешниҳоди маълумоти навшуда дар бораи қарз, даромад, хароҷот ва ҷузъиёти барномаҳо барои қисми боқимондаи соли молиявӣ ва муқоисаи дурнамои аслии макроиқтисодӣ бо натиҷаҳои воқеӣ.

Бояд гуфт, ин шохис сатҳи тағйирёбии мавқеи Тоҷикистонро давоми даҳ сол арзёбӣ кардааст. Мутобиқи он, холҳои Тоҷикистон давоми солҳои 2015-2025 чунин тағйир ёфтаанд:

Намогирифт аз сомонаи “Шабакаи байналмилалии буҷетӣ”

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиётӣ динӣ беш аз 5 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.