Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

asia+

Оҷонсии “Тоҷикстандарт” аз ошкор кардани хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” дар мағозаҳои кишвар хабар дода гуфтааст, ки миқдори муайяни ин маҳсулотро аз фурӯш гирифтаанд. Дар пайи ин, аз сокинон хостааст, ки аз истифодаи хамираҳои дандоншӯии қалбакӣ худдорӣ карда, маҳсулоти аслиро харанд.

Ин ниҳод бо нашри як огоҳӣ имрӯз, 15-уми май гуфт, ки маҳсулоти қалбакӣ дар асоси муроҷиати расмии ширкати истеҳсолкунандаи хамираи дандоншӯии SPLAT”“аз муомилот ва аз нуқтаҳои савдо гирифта мешавад”.

“Тоҷикстандарт” таъкид кардааст, ки миёни тоҷирон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, миқдори муайяни маҳсулоти қалбакиро аз муомилот гирифтаанд ва бозхонди он идома дорад.

“Аз шаҳрвандон ва истеъмолкунандагон талаб карда мешавад, ки аз маҳсулоти аслии ширкати “SPLAT” харидорӣ намуда аз хариди маҳсулоти қалбакӣ, худдорӣ кунанд. Зеро маҳсулоти қалбакӣ ба ягон талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, сифат, бехатарӣ ҷавобгӯ намебошад”, – навиштааст манбаъ.

Ин ниҳод бо нашри аксҳо тафовут миёни хамираҳои дандоншӯии аслӣ ва қалбакиро нишон дода, аз шаҳрвандон талаб кардааст, ки маҳсулоти аслии ин ширкатро харанд.

Дар зер бо намунаи маҳсулоти қалбакӣ ва аслии ин маҳсулот бо забони русӣ шинос шавед. Мутаассифона ин ниҳод ин маълумотро бо забони тоҷикӣ нашр накардааст:

Фарқи хамираи қалбакӣ аз аслӣ. Акс аз "Тоҷикстандарт" Фарқи хамираи қалбакӣ аз аслӣ. Акс аз "Тоҷикстандарт" Акс аз "Тоҷикстандарт" Фарқи хамираи қалбакӣ аз аслӣ. Акс аз "Тоҷикстандарт" Фарқи хамираи қалбакӣ аз аслӣ. Акс аз "Тоҷикстандарт" Фарқи хамираи қалбакӣ аз аслӣ. Акс аз "Тоҷикстандарт" Фарқи хамираи қалбакӣ аз аслӣ. Акс аз "Тоҷикстандарт"

Оҷонсии “Тоҷикстандарт” қаблан низ дар робита ба бозпас гирифтани бархе маҳсулот аз бозору мағозаҳо хабар дода буд. Аз ҷумла чанде пеш, ба шаҳрвандон ҳушдор дода буд, ки баъзе силсила (партия)-и ғизои кӯдаконаи тамғаи “Нутрилон” ва “Малютка”-ро, ки ширкати “DANONE” истеҳсол мекунад, истифода набаранд ва агар харидорӣ карда бошанд, бозпас баргардонанд.

Пештар аз ин дар кишвар баъзе силсилаҳои ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” низ, ки “Nestlé” истеҳсол мекунад, бозхонд ва аз фурӯш гирифта шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.