Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Сайраҳмон Назриев, asia+

Арзиши семент, яке аз масолеҳи асосии сохтмон давоми як ҳафтаи охир дар бозору фурӯшгоҳҳои вилояти Хатлон то 20 сомонӣ гарон шудааст. Ҳоло арзиши як халта сементи 50 кг аз 65 то 80 сомонӣ аст. Дар ҳоле ки моҳе қабл он аз 42 то 55 сомонӣ буд.

Далели боло рафтани нархи ин масолеҳи сохтмонӣ дар вилоят чист ва фурӯшандаҳову масъулин чӣ мегӯянд?

“Нархҳо пешгӯинашавандаанд”

Барои огоҳӣ аз вазъ бо се фурӯшандаи семент ҳамчун харидор суҳбат кардем. Онҳо гуфтанд, ҳоло семент надоранд ва миёнаравон “имрӯзу пагоҳ” ваъда мекунанд.

Фурӯшандаҳо мегӯянд, нархҳо пешгӯинашаванда боқӣ мемонанд ва “ҳоло ин охири кор нест”.

asia+
“Мо худамон рафта аз корхонаҳои истеҳсолӣ гирифта наметавонем. Барои мо ширкатҳои миёнарав сементро аз корхонаҳо дастрас мекунанд. Агар худи мо равем, ҳатто дар чанд рӯз навбатамон намерасад, зеро бештар миёнаравҳо мегиранд”, – гуфт яке аз онҳо.

Савдогарон мегӯянд, далели қимат шудани сементро немедонанд.

“Корхона дар таъмир буд”

Вале бархе коршиносон мегӯянд, далоили болоравии арзиши семент дар вилоят аз кор мондани корхонаи истеҳсоли сементи “Чжунгтай моҳир семент” дар ноҳияи Ёвон аст, ки яке аз калонтарин корхонаҳои истеҳсоли семент дар вилоят ба ҳисоб меравад.

Вале аз ҳукумати ноҳияи Ёвон гуфтанд, корхона аз фаъолият бознамондааст, танҳо муддате дар таъмир буд.

“Бо мурури замон дегхонаҳои корхонаҳои семент фарсуда мешаванд ва корхона дегхонаҳояшро иваз кард”, – гуфт як масъули ҳукумати ноҳияи Ёвон, ки нахост аз ӯ ном барем.

Дар ҳамин ҳол, Сафархон Ҳомидов, як масъули корхонаи “Чжунгтай моҳир семент” дар суҳбати телефони бо “Азия-Плюс” гуфт, корхона ҳамагӣ 18 рӯз дар таъмир буд ва ҳоло корро идома дода истодааст.

Акси марбут аз манбаъҳои боз

“Мо вақте ба таъмир баромадем, дар анборҳоямон захира доштем ва дар шабу рӯзи таъмир, 100 ҳазор тонна семент аз захираҳоямон ба фурӯш баровардем”, – гуфт ӯ.

Ба қавли номбурда, ширкат танҳо давоми 11 рӯзи моҳи май, 49 ҳазору 350 тонна семент ба фурӯш баровардааст.

Ӯ афзуд, иқтидори истеҳсоли солонаи корхона 1,2 миллион тонна аст ва он дар як сол то 1,4 миллион тонна семент истеҳсол мекунад. Ҳамзамон, филиали дигари ин ширкат, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аст, солона 400-500 ҳазор тонна семент истеҳсол мекунад.

Арзиши семент дар ин корхона чанд аст?

Сафархон Ҳомидов гуфт, ҳоло нархи як тонна семент дар корхонаи онҳо з 820-840 сомонӣ аст, ки барои ҳар халта 41-42 сомонӣ рост меояд.

Ӯ иддао кард, ки ин корхонаи истеҳсолӣ нархро боло накардааст ва ба ин “ҳавасманд низ нест”. Вале тасдиқ кард, ки талабот ба ин намуди масолеҳ зиёд шудааст.

“Медонед, ки сохтмон дар ҷумҳурӣ зиёд шуда истодааст. Ғайр аз ин мо ба Афғонистон низ содирот мекунем”, – афзуд ӯ.

Ин масъули ширкат гуфт, шояд сабаби камчин шудани семент дар бозорҳо таъмири чанд корхонаи дигар бошад.

“Корхонаҳо нархро боло набурдаанд”

Аз “Хуаксин Ғаюр семент”, яке аз корхонаҳои дигари истеҳсоли семент дар вилоят дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, ки корхона ба таври муътадил фаъолият дорад ва “мушкиле ғайр аз ҳолатҳои истисноии истеҳсолӣ мавҷуд нест”.

Корхонаи "Хуаксин ғают семент дар Ёвон" Акс аз Озодӣ
“Корхонаи мо моҳи март аз таъмир бароварда шуд ва мунтазам кор карда истодааст. Дар як шабонарӯз то 3 ҳазор тонна семент истеҳсол карда истодаем. Нархи як тонна сементи дар корхонаи мо барои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 1020 сомонӣ аст, ки 51 сомонӣ ба сари як халта рост меояд”, – афзуд як масъули ин корхона, ки нахост аз ӯ ном барем.

Ҳамсуҳбати мо низ камчин шудани сементро ба зиёд будани талабот рабт дода гуфт, “шояд яке аз сабабҳои дигар ба таъмир баромадани чанд корхонаи ҳамтои мо бошад”.

Аз шуъбаи энергетика ва саноати ҳукумати Хатлон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, дар вилоят 6 корхонаи истеҳсоли семент, аз ҷумла 3 адад дар ноҳияи Ёвон, ду адад дар шаҳри Левакант ва як адад дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ фаъолият мекунанд.

Ба иттилои Сарраёсати омори вилояти Хатлон дар вилоят давоми 4 моҳи соли 2026-ум беш аз 867 ҳазор тонна семент истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум беш аз 13 ҳазору 494,6 тонна камтар аст.

Зимнан, чанд рӯзи охир сокинон аз дигар манотиқи кишвар, аз ҷумла Суғд низ аз гарон шудани нархи семент шикоят мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.