Дар Тоҷикистон дар бахши мудофиа як ниҳоди нав таъсис ёфтааст

Эмомалӣ Раҳмон ба қарори таъсисаш имзо гузошт.

Шоираи Қудрат, asia+

Ҳукумати Тоҷикистон як ниҳоди нав дар соҳаи мудофиа – Кумитаи саноати мудофиавӣ дар назди ҳукумати кишвар таъсис додааст. Қарори таъсиси он 2-юми майи имсол аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар имзо шудааст.

Дар қарор омадааст, ки Кумита метавонад 38 коргар, аз ҷумла 8 хидматчии ҳарбӣ дар ихтиёри худ дошта бошад. Ҳамчунин, ба ин ниҳоди нав иҷоза дода шудааст, ки ду муовини раис ва 7 ҳайати мушовара дошта бошад.

Мувофиқи қарори ҳукумат, аз ҷумла барои кумитаи мазкур 4 мошини сабукрави хидматӣ ҷудо карда мешавад.

Тафсилоти дигари қарор ва замимаи он ҳанӯз дастрас нест.

То ин дам ин бахш тобеи Вазорати саноат ва фанновариҳои нави кишвар буд.

Мувофиқи қарор, акнун ин муқаррарот аз зиммаи ин ниҳод бардошта шуда, ба қарори ҳукумати кишвар “Дар бораи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон” чанд тағйирот ворид мешавад. Аз ҷумла, ҳар банд ва иборае, ки вобаста ба саноати мудофиавӣ буд, аз он хориҷ карда мешавад.

Акз аз Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Зимнан, дар Тоҷикистон соли 1997 низ бо қарори ҳукумати кишвар Кумитаи саноати мудофиавӣ таъсис ёфта буд, вале панҷ сол баъд – соли 2002 он барҳам дода шуда, уҳдадориҳояш ба зиммаи Вазорати саноати Тоҷикистон вогузор гардид. Ҳамакнун бошад, бахши саноати мудофиаро Вазорати саноат ва фанновариҳои нави кишвар бар дӯш дошт.

Ҳоло дар Тоҷикистон дастикам дар бораи таъсиси як корхонаи саноати мудофиавӣ хабарҳо нашр шудааст. Моҳи майи соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода фаъолияти корхонаи “Сипар гурӯҳ”-ро, ки самти фаъолияти асосии он ҷамъу васлсозии мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ аст, ба истифода дода буд.

Гуфта мешуд, ки дар ин ҷамъу васли 17 намуд нақлиёти махсус ба роҳ монда мешавад.

Баъдтар, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар дод, ки он бо 15 миллион доллари амрикоӣ “бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ” сохта шудааст.

“Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона ҷамъу васли то 120 мошини махсус дар як сол буда, бо назардошти талаботи бозор имкон дорад ҳаҷми истеҳсоли он зиёд карда шавад. Мошинҳои омодашаванда дар ин корхона барои таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нигаронида шуда, оянда содироти он ба кишварҳои хориҷ дар назар аст”, – гуфта буд кумитаи сармоягузорӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.