Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба муддати 16 солу 6 моҳ ба зиндон маҳкум кардааст. Дар ҳукми додгоҳ, аз маҳкумшуда Абдусамад Нуралиев ном бурда мешавад, ки бегоҳии рӯзи 5-уми декабри соли гузашта, бо ҳамсараш Оростамо Ахмедова, ҷанҷол […]

Шаҳноз Ализода,asia+

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба муддати 16 солу 6 моҳ ба зиндон маҳкум кардааст.

Дар ҳукми додгоҳ, аз маҳкумшуда Абдусамад Нуралиев ном бурда мешавад, ки бегоҳии рӯзи 5-уми декабри соли гузашта, бо ҳамсараш Оростамо Ахмедова, ҷанҷол карда, “бо мушт якчанд бор ба сари зан ва пасон  бо тахтачӯб ба тамоми узвҳои бадани марҳум зарба задааст”.

Тибқи иттилои манбаъ, дар пайи ин зан ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, як рӯз баъди ҳодиса, 6-уми декабр дар манзили зисташ ҷон додааст. Ин ниҳод сабаби муноқишаи онҳоро нагуфтааст.

Дар қарори додгоҳ омадааст, ки маҳкумшуда дар мурофиа аз пайвандони ҳамсараш узрхоҳӣ карда, аз кори кардааш изҳори пушаймонӣ кардааст. Назари ӯ ба расонаҳо дастнорас аст.

Ин ҳукм кай содир шудааст, маълум нест. Вале он рӯзи 1-уми май дар сомонаи Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ нашр шуд. Назари пайвандони марҳум ба ҳукми додгоҳ ва ҳамчунин дар робита ба ин қазия маълум нест.

Бояд гуфт, ки марги занону аъзои оила дар пайи ҷанҷоли хонаводагӣ дар Тоҷикистон зиёд расонаӣ мешавад. Аз ҷумла моҳи октябри соли гузашта, Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Носири Хусрави ин вилоятро барои бо барқ куштани ҳамсараш ба муддати 21 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ахиран Додгоҳи шаҳри Исфара як зани 36-соларо барои ба худкушӣ расонидани ҳамсари бародараш ба муддати 4 сол ба зиндон маҳкум кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.