Рақобати беш аз 6 ҳазор хатмкунандаи мактаб барои таҳсил тариқи бурсияи президентӣ дар донишгоҳ

Имсол 1670 хонанда тариқи бурсияи президентӣ донишҷӯ мешаванд

Шаҳноз Ализода, asia+

Имсол беш аз 6 ҳазор хатмкунандаи мактабҳои Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти 1 ҳазору 670 бурсия ё квотаи президентӣ барои таҳсили ройгон дар донишгоҳу доникшадаҳо рақобат мекунанд. Ҳоло давраи сеюми озмуни дарёфти бурсияҳои раисҷумҳур идома дорад ва дар сурати мувафақ шудан, онҳо ройгон ва бе супоридани имтиҳон ба яке аз 18 донишгоҳи кишвар шомил мешаванд.

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм рӯзи 19-уми май дар ҷаласае гуфтааст, ки бурсияи президентӣ нисбат ба соли гузашта, имсол (соли таҳсили 2026–2027) 401 адад зиёд шудааст. Ӯ илова кардааст, ки қисми зиёди бурсияҳо ба самтҳои омӯзгорӣ, илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ равона гардидааст.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илм ҳоло дар кишвар даври сеюми озмуни қабули довталабон ба донишгоҳҳо тибқи бурсияи президентӣ идома дорад. Маълум нест, ки имсол ба кадом минтақа чанд бурсия ҷудо шудааст. Аз Вазорати маориф ва илм ба “Азия-Плюс” гуфтанд, баъдтар ин маълумотро пешниҳод мекунанд.

Манбаъ навиштааст, ки дар даври сеюми озмун ҳукумати 61 шаҳру ноҳияи кишвар беш аз 6 ҳазор довталабе, ки дар даври шаҳриву ноҳиявии ин озмун ғолиб омаданд, пешниҳод кардаанд. Довталабоне, ки тариқи бурсия ба донишгоҳ дохил мешаванд бо хобгоҳ ва идрорпулӣ низ таъмин мегарданд.

Ҷаласаи Раҳим Саидзода бо иштироки ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии даври сеюми озмуни қабули довталабон тибқи квотаи президенти Тоҷикистон. Акс аз сомонаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Бояд гуфт, ки тариқи бурсияи президентӣ хатмкунандагон аз гӯшаву канори Тоҷикистон ба таври ройгон дар донишгоҳҳои олии кишвар ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Тибқи маъмул донишҷӯёни тариқи бурсия қабулшуда касберо бояд интихоб кунанд, ки дар минтақаашон ба он ниёз доранд.

Ин бурсияро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон соли 1997 таъсис дод, ки ҳадафи асосии он ҷалби хатмкунандагон махсусан духтарон аз минтақаҳои дурдаст ба таҳсил арзёбӣ мешуд.

Ҳар сол Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор ва эҳтиёҷи ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо “Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар тибқи квотаи президентӣ”-ро дар мувофиқа бо ҳукумат тасдиқ мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...