Ду рӯзи ахир дар пайи боришоти шадиди борон дар чанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сел омада, ба сокинон хисорот расонидааст. Ҳоло корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома дорад. Дар ин бора Ориф Нозимиён, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон (КҲФ) ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба иттилои ӯ, бар асари боришот аз ҳама бештар ба сокинони шаҳрҳои Кӯлобу Панҷакент, ноҳияҳои Панҷ, Ёвон, Ашт зарар расидааст.
Ориф Нозимиён гуфт, ки ҳоло дар тамоми ин минтақаҳои осебдида бо ҷалби техникаи махсус, сарбозону афсарони Кумита ва ҳашари дастаҷамъонаи аҳолӣ корҳои тозакунӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офат ҷараён доранд.
Сухангӯи КҲФ шарҳ дод, ки рӯзи 19-уми май маҳаллаҳои Хати роҳ, Қурбон Зардаков, Ориёно, Даминзода, Корвонгузар ва Содиқови шаҳри Кӯлоб сел омад ва ба сокинон хисорот расонид. Ҳаҷми хисорот ҳоло маълум нест.
Дар шаҳри Ёвон низ омадани сел сокинони деҳаҳои Пахтакори ҷамоати Ситораи Сурх ва Оби Мукии ҷамоати Обшоронро нигарон кардааст. Сухангӯи КҲФ илова кард, ки дар ин мавзеъҳо тариқи ҳашари дастаҷамъона бо иштироки 34 сокину корманд 200 метр канал, 300 метр гузаргоҳ ва 4 манзили истиқоматӣ тоза карда шуда, корҳои барқарорсозӣ ҳануз давом доранд. Ҳаҷми хисороти сел дар ин шаҳр ҳам маълум нест.

Бино ба гуфтаи Нозимиён, офати табиӣ ба вилояти Суғд низ зиён расонидааст. Дар шаҳри Панҷакент 19-уми май сойҳои селрави деҳаҳои Ғӯсар, Навобод ва Боғчаи ҷамоати Шинг зери лойқа монданд.
Сухангӯи Кумита аз омадани сели навбатӣ дар ноҳияи Ашт низ хабар дод, ки шоми 19-уми май ба ҳудуди ҷамоати деҳоти Пунук, аз ҷумла маҳаллаҳои Таги санг, Дӯстӣ, Ҷарқишлоқ ва Толонак зарар расонд. Сел роҳҳои байни маҳаллаҳоро қисман ва пурра вайрон карда, 3-4 симчӯби барқро чаппа намудааст, пули мошингузарро хароб ва ба таҳхонаи 5 хона лойоба ворид кардааст.
Ориф Нозимиён гуфт, ки ҳоло Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия вазъиятро дар ҷойи ҳодиса зери назорат дорад ва корҳои азназаргузарониву муайян кардани ҳаҷми хисорот идома доранд.
Бояд гуфт, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам наворҳои омадани сел дар деҳаи Ваҳдатободи ноҳияи Панҷ ва дар шаҳри Роғун нашр шудаанд, ки ба хонаи сокинон лойоба даромадаву гӯсфандони мардумро нобуд кардааст. Ин ҳодисаҳоро аз КҲФ тасдиқ ё рад накарданд.
Ҳамасола дар пайи боридани борон, махсусан дар фасли баҳор дар бархе минтақаҳоии кишвар сел меояд, ки ба сокинон хисорот мерасонад ва бархе ҳолатҳо боиси марги одамон мешавад. Тибқи иттилои КҲФ, дар беш аз чор моҳи соли равон (аз 1-уми январ то 13-уми май) дар пайи офатҳои табиӣ 8 тан ҷони худро аз даст додаанд.
Аз ҷумла, шаби 1-уми май дар шаҳри Кӯлоб сел омад, ки дар пайи он се нафар ҷони худро аз даст дода, се тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Чанд хона ва иншооти гуногун зарар дидаанд. Ҳоло хисороти обхезӣ дар шаҳри Кӯлоб маълум нест. Мақомот қаблан гуфтанд, дар пайи сел дар ин шаҳр 850 оила зарар дидааст.
Тафсилоти ин ҳодиса ва ҳаёти сокинони шаҳрро баъди обхезӣ дар гузориши “Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд? мутолиа кунед.






