Дар се моҳ (январ-март)-и соли 2026 дар Тоҷикистон сабти ақди никоҳу талоқ коҳиш ёфтааст. Оҷонсии омори Тоҷикистон эълон кард, ки дар се моҳ дар кишвар 14 ҳазору 913 ақди никоҳ баста шуда, дар айни ҳол, 1 ҳазору 893 ақди никоҳ бекор шудааст.
Шумораи оилавдоршавӣ назар ба се моҳи соли 18,5% камтар будааст. Он замон 18 ҳазору 288 ҷуфт оила бунёд кардаанд.
Теъдоди баландтари бунёди оилаҳо дар Суғд ва пасттарин дар ВМКБ сабт шудааст.
Ин ниҳод илова кард, ки болотарин сатҳи талоқ ба вилояти Суғд ва поёнтарини он ба вилояти Хатлон рост меояд.
Оҷонсӣ изҳор доштааст, ки имсол дар кишвар нишондиҳандаи умумии никоҳ ба ҳар ҳазор нафар 5,6 адад ва талоқ 0,7 ададро ташкил додааст.
Аз ҳам пошидани оилаҳо дар Тоҷикистон чандин сол боз яке аз мавзӯъҳои доғ дар ҷомеа маҳсуб мешавад. Қаблан, Кумитаи кор бо занон гуфта буд, соли гузашта дар кишвар 8 ҳазору 535 никоҳ бекор гардидааст.
Мақомоти масъул ҳарчанд мегӯянд, ки омори талоқ сол то сол дар кишвар кам мешавад, вале он ҳоло ҳам нигаронкунанда боқӣ мемонад.







