Соли равон ҳадди ақалл се ҳолати аз оила гирифта дар муассисаи махсуси давлатии таълимӣ ҷойгир кардани кӯдакон расонаӣ шуд. Аз ҷумла, чанде пеш дар Душанбе навраси 14-сола О.М.-ро аз падару модараш гирифта ба таълимгоҳи махсус доданд. Сабабаш ба қавли мақомот, “мунтазам ба оворагардӣ ва дуздӣ машғул буд”.
Мақомоти корҳои дохилӣ гуфт, писарбачаро борҳо боздошт карда, бо ӯ ва волидонаш суҳбатҳо гузаронид, лекин ӯ аз ин корҳои ғайриқонунияш даст намекашид. Дар натиҷа, ба қавли пулис, бо қарори додгоҳ ӯро аз оила гирифта, ба мактаб-интернати №1-и пойтахт барои ятимон ва кӯдакони аз парастории падару модар маҳрумшуда ҷойгир карданд, ки ҳоло дар он ҷо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.
“Азия-Плюс” муайян кард, ки дар кадом ҳолатҳо метавонанд кӯдакро аз оила гирифта, ба муассисаи махсус ҷойгир кунанд. Ба гуфтаи ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии “PRO BONO DE JURE”, дар моддаҳои 73, 122-124 Кодекси оилаи ҷумҳурӣ барои аз оила гирифтани кӯдак иҷоза дода шудааст.
Дар кадом ҳолатҳо ин амал сурат мегирад?
Мақомоти васоят ва парасторӣ шахси ноболиғро дар чунин ҳолатҳо ба муассисаи махсус равона карда метавонанд:
— марги падару модар;
— маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ;
— маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ;
— корношоям эътироф кардани падару модар;
— бемории волидон;
— ба муҳлати дароз ҳузур надоштани падару модар, даст кашидани волидон аз тарбияи кӯдакон ё ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо;
– даст кашидани волидон аз гирифтани фарзандони худ аз муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои тиббӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд;
– дигар ҳолатҳои мавҷуд набудани васояту парасториии волидон.

Зери мафҳуми “дар сурати ба муҳлати дароз ҳузур надоштани волидон”, “даст кашидани волидон аз тарбияи кӯдакон ё ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо” ё “дигар ҳолатҳои мавҷуд набудани васояту парастории волидон” чиро бояд фаҳмид?
“Ҳатто агар ин меъёрҳои қонун дар назари аввал васеъ ва нофаҳмо намоянд ҳам, дар қисми 1, моддаи 123 Кодекси оилаи Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки “мақоми васояту парасторӣ дар муҳлати се рӯз аз лаҳзаи гирифтани чунин хабар уҳдадор аст шароити зисти кӯдакро санҷида, дар сурати муқаррар намудани далели аз парастории волидон ё хешу ақрабо маҳрум будани ӯ, то ҳал гардидани масъалаи ҷобаҷокунии кӯдак ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯро таъмин намояд. Яъне ҳар як ҳолати мушаххас инфиродӣ санҷида шуда, танҳо баъди омӯзиши дақиқи ҳамаи далелҳо, дар бораи ҷойгир кардани кӯдак дар дигар муассисаҳо барои тарбия тасмим гирифта мешавад”, – шарҳ доданд дар “PRO BONO DE JURE”.
Кӯдакро метавонанд дар ҳама синну сол гиранд?
Кӯдакро метавонанд аз синни 0 то 18-солагӣ гиранд, зеро тибқи Кодекси оила, шахси то 18-сола “кӯдак” шуморида мешавад.
“Мақомоти васоят кӯдаконеро, ки бе парастории волидон мондаанд, ошкор сохта, онҳоро ба қайд мегиранд ва бо назардошти ҳолати маҳрум шудан аз парасторӣ, шакли дар куҷо тарбият гирифтани онҳоро интихоб мекунанд. Яъне, аз муҳити оила гирифтани кӯдак аз ҳама охирин тадбирест, ки барои ҳимояи манфиатҳои кӯдакон истифода мешавад”, – шарҳ медиҳанд мутахассисон.

Агар кӯдакро ба муассисаи махсус супорида бошанд, волидон ва дигар хешовандонашон метавонанд ба аёдати онҳо раванд?
Бале, агар онҳо аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум нашуда бошанд ва агар ин амал ба манфиати кӯдак ҷавобгӯ бошад. Ва агар кӯдак аз ҷониби оилаи дигар фарзандхонд нашуда бошад.
Барои ба оила баргардонидани кӯдак имконият ҳаст?
Ин ба ҳолати мушаххас вобаста аст. Агар омили маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ ё маҳдуд шудани он баъдан бекор шуда бошад, масалан дар робита ба ислоҳ шудан/ даст кашидан, волидон метавонанд барои баргардонидани кӯдак ба оила бо ариза муроҷиат кунанд. Дар ин маврид низ ҳамаи ҳолатҳо омӯхта мешаванд.
“Ҳатто фарзандхониро бекор кардан мумкин аст. Ба бекор кардани фарзандхонии кӯдак волидони ҳамхуни кӯдак, фарзандхондкардаҳо (яке аз онҳо), кӯдакони фарзандхондшуда, ки ба синни 14-солагӣ расидаанд, мақомоти васоят ва парасторӣ, инчунин додситон ҳуқуқ доранд. Қатъи васоят ё парастории ноболиғон аз ҷониби Кодекси оилаи ҷумҳурӣ танзим карда мешавад”, – мегӯянд ҳуқуқшиносон.
Ёдрас мекунем, ки соли 2024 дар Тоҷикистон ба қонунгузории марбут ба тақвияти масъулият барои таълиму тарбияи фарзандон тағйироти назаррас ворид шуданд. Тағйирот масъулияти на танҳо волидонро барои таълиму тарбияи кӯдакон, балки омӯзгорону муассисаи таълимӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатиро низ пурзӯртар кард.







