То 1-уми апрели соли 2026 ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд 839,2 млн долларро ташкил дод, ки ин қариб 170 млн доллар кам дар муқоиса бо аввали соли равон аст, хабар медиҳад Вазорати молия.
Ба иттилои манбаъ, дар сохтори қарзи берунаи ҷумҳурӣ зиёда аз 2,7 млрд доллар ба қарзи бевоситаи давлатӣ, ки иҷрои хидматрасониҳои давлатии ҳукумати кишварро иҷро мекунад ва ҳудуди 130 млн доллар қарзҳо бо кафолати даватӣ рост меояд.
Маблағгузорӣ ба қарзи асосии хориҷии Тоҷикистон дар Буҷети давлатии соли 2026 дар ҳаҷми ҳудуди 5,1 млрд сомонӣ (ҳудуди 540 млн доллар) муқаррар шудааст.
Ҳамзамон дар соли 2026 ҳукумат барои амалисозии лоиҳаҳои давлатиии сармоягузорӣ ҷалби қарзҳои навро ба маблағи зиёда аз 6,3 млрд сомонӣ (ҳудуди 670 млн доллар) ба нақша гирифтааст.
Ҳамчунин ҷумҳурӣ дар ҳаҷмҳои нисбатан зиёд ба Бонки ҷаҳонӣ (ҳудуди $380 млн), Бонки осиёии рушд (зиёда аз $250 млн), Бонки исломии рушд (беш аз $250 млн), Хазинаи байнулмилалии асъор ($195 млн) ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд ($165 млн) қарздор аст.
Аввали соли равон ҳукумати кишвар бо қарори худ ба қарздорон – корхонаҳои давлатӣ, инчунин ширкати ташкилотҳо бо иштироки сармояи давлатӣ дастур дод, ки пардохти саривақтии қарзҳоро таъмин карда, ҳар семоҳа ба Вазорати молия ҳисобот диҳанд.
Ин ҷо сари уҳдадориҳои қарзӣ аз рӯи созишномаҳои қарзии фаръӣ сухан меравад, ки дар доираи шартномаҳои давлатии қарзӣ ба имзо расидаанд.
Дар рӯйхати қарздорон, 20 корхонаву ширкат ва ташкилот бо сармояи давлатӣ ҳузур доранд, аз ҷумла ҶСК «Барқи точик», КВД «Обу корези Душанбе», ҶСК «Тоҷиктрансгаз», Бонки амонатгузории «Амонатбонк», ҶСК «Помир энержи», КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик», ҶСК «НБО Роғун» ва ғайра.







