Мақомот як нозири шабакаи барқро дар ноҳияи Данғара бо гумони изофанависӣ ва ворид кардани маълумоти дурӯғ ба суратҳисоби истифодаи барқи 138 сокини ин ноҳия боздошт кардааст.
Вазорати корҳои дохилӣ, аз ин корманд Раҳимов М. ном бурда, гуфтааст, ӯ 29-сола буда, аз соли 2019 инҷониб ҳамчун нозир дар шабакаҳои барқи ноҳияи Данғара фаъолият дошт.
Ба иттилои манбаъ, ӯ давоми солҳои 2025-2026 ба суратҳисоби 138 сокини деҳаи Меҳтарии ҷамоати Сафобахши ноҳия маълумоти бардурӯғ ворид карда, ҳаҷми истифодаи барқро 73 ҳазору 69 киловат соат қувваи барқ қайд ва 30 ҳазору 228 сомониву 19 дирам изофанависӣ кардааст.
Мақомот нисбати ин нозири барқ бо иттиҳоми “тағйир додани иттилооти компютерӣ” (моддаи 299, қ.1) ва “сохтакории ҳуҷҷат бо истифодаи компютер” (модддаи 340, қ.2) парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Дар сурати исботи иттиҳом ба ӯ ҳаддиақал, 71 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ду сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин мешавад.
Зимнан, аз Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика низ гуфтанд, ки соли гузашта 406 корманди идораҳои барқрасониро барои қоидавайронкунӣ дар истифодаи барқ дар ҳаҷми 293 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.
Бояд гуфт, мақомот борҳо аз боздошти кормандони шабакаҳои барқ ва ё боз шудани парванда бар зидди онҳо барои “дуздии барқ” хабар додааст.







