Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 майи соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи сарҳадбонон таҷлил мешавад.

asia+

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии об ба анҷом мерасад. Ҳамоиш рӯзи 25-уми май оғоз шуд ва яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст. Он аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ташкил шудааст. Ҳадафи асосии он баррасии мушкилоти ҷаҳонии вобаста ба захираҳои об, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт мебошад.

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши инфиродии осори Суҳроб Қурбонов, арбоби барҷастаи санъати монументалӣ, Рассоми халқии Тоҷикистон аз маҷмуи фонди Осорхона таҳти унвони “Меандешам, пас ҳастам” идома дорад. Он рӯзи 22 май ифтитоҳ гардида, то 5-уми июн давом мекунад. Ин бори нахуст аст, ки дар даврони истиқлол беш аз 30 асари ин рассом аз хазинаи Осорхона ба тамошо гузошта мешаванд. Намоишгоҳ осори тасвирӣ ва монументалии ҳунармандро фаро гирифта, марҳилаҳои асосии фаъолияти чандинсолаи эҷодии ӯро инъикос менамояд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1994 – Қӯшунҳои сарҳадии кишвар таъсис дода шуд. Ин сана расман ҳамчун Рӯзи сарҳадбонҳо ҷашн гирифта мешавад.

Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, масъалаи ташкили низоми мустақили муҳофизати сарҳадҳо ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Дар ҳамин замина, рӯзи 28 майи соли 1994 бо қарори Ҳукумати кишвар Қувваҳои сарҳадии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Таърихи ин рӯз ба замони шӯравӣ бармегардад. Дар ҳамин рӯзи соли 1918, Шӯрои Комиссарони Халқӣ фармонеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он Хадамоти сарҳадӣ таъсис дода шуд. Соли 1923 Мактаби олии сарҳадӣ таъсис ёфт. Дар ҳамин давра низоми назорат ва гузаргоҳҳои расмии марзӣ низ ташаккул ёфт. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, як қатор кишварҳои пасошӯравӣ ин ҷашнро нигоҳ доштанд.

Соли 2003 – Қонун “Дар бораи реклама” қабул гардид. Ин қонун муносибатҳои вобаста ба истеҳсол, ҷойгиркунӣ ва паҳнкунии реклама дар бозорҳои мол, кор ва хизматрасониҳоро танзим мекунад. 

Соли 2014 – Парлумони кишвар ба қонунгузорӣ тағйирот ворид намуд, ки мувофиқи он истифодаи “коктейли Молотов” (буталҳои оташзада) дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба истифодаи ғайриқонунии силоҳи оташфишон баробар дониста шуд.  Ин тағйирот ба мақсади пешгирии истифодаи чунин воситаҳо дар гирдиҳамоиҳо ва намоишҳои оммавӣ қабул гардид. 

Соли 2019 – Дар шаҳри Душанбе Гимназияи ҳарбии ба номи ворисони “Куруши Кабир”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1928 – Мавлуди Мардон Муҳаммадиев, олим ва забоншиноси тоҷик.

Соли 1938 – Зодрӯзи Бовар Хусравов, арбоби шоистаи Тоҷикистон.

Соли 1954 – Мавлуди Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров, ҳунарпешаи театру синамои тоҷик.

Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров Институти давлатии педагогии Душанберо хатм карда, фаъолияти эҷодии худро аз Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хуҷанд оғоз намуд. Баъдан, аз соли 1978 ба ҳайси ҳунарпешаи Театри давлатии академии ба номи Лоҳутӣ фаъолият дорад ва дар тӯли даҳсолаҳо ба яке аз ҳунармандони маъруфи саҳнаи тоҷик табдил ёфт.

Ӯ дар саҳна симоҳои гуногун ва пуртаъсир офаридааст. Нақшҳояш дар намоишномаҳои “Ҳамлет”, “Шоҳ Лир”, “Ромео ва Ҷулетта”, “Сухан ва шамшер”, “Садои Осиё”, “Куруш ва Томирис”, “Шерафган” ва даҳҳо намоишҳои дигар маҳорати баланди ҳунарии ӯро бозгӯ мекунанд. Ҳар нақше, ки офаридааст, бо эҳсоси амиқ, табиият ва нерӯи ҳунарӣ дар хотири тамошобин нақш бастааст.

Дар синамо низ фаъолияти ӯ назаррас аст. Ӯ дар филмҳои “Марди роҳ”, “Ҷосус”, “Ал-Бухорӣ”, “Марги бегуноҳ” ва “Оқибат” нақшҳои ҷолиб офарида, маҳбубияти бештар касб кардааст. Ҳамзамон, саҳми ӯ дар дубляжи филмҳо ба забони тоҷикӣ низ бузург арзёбӣ мешавад.

Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров соли 2021 ба унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардид.

Соли 1974 – Зодрӯзи Фаррух Маҳмадов, доктори илми тиб.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

28 май Рӯзи байналмилалии ҳифзи саломатии занон таҷлил мешавад. Ин рӯз соли 1987 дар ҷаласаи панҷуми байналмилалӣ оид ба масоили саломатии занон, ки дар Коста-Рика баргузор гардида буд, таъсис ёфт.

Гарчанде мафҳуми “саломатии занон” бештар ба масъалаҳои репродуктивӣ марбут дониста мешавад, Ташкилоти Ҷаҳонии Беҳдошт (ТҶБ) онро ҳамчун ҳолати комили саломатии ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоӣ маънидод мекунад, на танҳо набуди беморӣ ё нуқсон.

Тибқи маълумоти ТҶБ ва дигар ниҳодҳои тандурустӣ, солҳои охир шумораи заноне, ки қобилияти таваллуд надоранд, рӯ ба афзоиш дорад. Айни ҳол беш аз 5% оилаҳо дар ҷаҳон бо ин мушкилот рӯбарӯ мебошанд.

28 майи соли 1961 ташкилоти мустақили ҳимояи ҳуқуқи инсон – Афви байналмилалӣ (Amnesty International) ташкил шудааст. Ин рӯз аз ҷониби ҳуқуқшиноси бритониёӣ Питер Бененсон таъсис ёфт.

Мақсадҳои асосии он манъи шиканҷа ва барҳам додани ҳукми қатл, таъмини муҳокимаи одилона барои маҳкумшудагони сиёсӣ ва озодии маҳбусоне гуфта мешуд, ки барои ақидаҳои сиёсӣ, динӣ ё виҷдонӣ маҳкум шудаанд.

28 май Рӯзи брюнетҳо (занони мӯйсиёҳ) таҷлил мешавад. Ин ҷашни ғайрирасмиест, ки эҳтимолан ба унвони ҷавоб ба Рӯзи мӯйсафедҳо (31 май) таъсис ёфтааст.

Тибқи таҳқиқоти илмӣ, мӯи сиёҳ аз ҷиҳати генетикӣ аломати доминантӣ маҳсуб мешавад ва дар аксарият дида мешавад.

Имрӯз рӯзи пайдоиши майонез аст. Аз ҳама ривояти мӯътамади пайдоиши майонез ба соли 1756 ва шаҳри Маон (Фаронса) марбут аст.

Дар давраи Ҷанги ҳафтсола, ҳангоми муҳосираи англисҳо, ошпази фаронсавӣ аз ҳисоби равғани растанӣ, тухм ва афшураи лимӯ як навъ омехта (соус) омода кард, ки ба ҳама писанд омад ва майонез ном гирифт.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 16+21º гарм, дар водиҳо шабона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 24+29º гарм, дар водиҳо шабона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 10+15º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона асосан бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва дар баъзе ноҳияҳо гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 23+28º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, дар шарқи вилоят асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 20+25º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 31+33º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 9+14º гарм, дар ғарби вилоят шабона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 16+18º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º.  

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона бебориш дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 28+30º гарм, шабона 16+18º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона бебориш дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 28+30º гарм, шабона 15+17º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 31+33º гарм, шабона 17+19º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 21+23º гарм, шабона 8+10º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 28 ба 29-уми май ба ҳисоб гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.