Дар се моҳи аввали соли 2026 доду гирифти тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон ба 119,6 миллион доллари ИМА расидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 8,9 миллион доллар ё 8% бештар аст.
Ин рақам дар ҷаласаи 18-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангии миёнии ду кишвар, ки рӯзи 26-уми май дар Душанбе баргузор гардид, садо дод.
Ин ҷаласа бо раисии Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Аббос Алиободӣ, вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шудааст.
Ба иттилои Вазорати энергетикаи кишвар, дар ҷаласа “масъалаҳои муҳими вобаста ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, захираҳои об, саноат, нақлиёт, сармоягузорӣ, илм ва технология, инчунин дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо” баррасӣ шудааст.

Дар охир, барои ҳамкории бештари Тоҷикистону Эрон дар заминаҳои илмӣ, фанноварӣ, фарҳангӣ ва иқтисоду тиҷорат ёддошти тафоҳуми Коммисияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангии миёнии ду кишвар ба имзо расидааст.
Аббос Алиободӣ барои иштирок дар Ҳамоиши байналмилалии об дар шаҳри Душанбе ба Тоҷикистон омада буд ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон густариши робитаҳо ду кишвар дар бахшҳои иқтисод, саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳсозӣ ва ҳамлу нақл баррасӣ кард.
Ҳамчунин дар ин мулоқот таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар соҳаҳои маъдан, дорусозӣ, нассоҷӣ, коркарди пахта, пашму пӯст муҳим дониста шудааст.

Бояд гуфт, тиҷорат байни Тоҷикистону Эрон дар соли 2025 ба 483 миллион доллар расида буд ва ин рақам назар ба соли 2024-ум 28% зиёд аст. Он замон Эрон ба рӯйхати панҷгонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон шомил шуд.
Соли гузашта содирот аз Тоҷикистон ба Эрон ба 112,8 млн доллар ва воридот аз Эрон 371,2 млн долларро расида буд.
Тоҷикистон аз Эрон асосан маҳсулоти соҳаи нафту кимиё, масолеҳи сохтмон ва маводи ғизоӣ ворид кардааст. Аз Тоҷикистон бештар ашёи хом, аз ҷумла пахта ва алюминий ба Ҷумҳурии Исломӣ содирот шудааст.







