Дар ноҳияи Рашт Осорхонаи Нусратулло Махсум, Қаҳрамони Тоҷикистон ва яке аз роҳбарони Тоҷикистони шӯравӣ бунёд мешавад. Дар ин бора Ҳамдулло Шарифзода, муовини аввали раиси ин ноҳия ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин осорхона дар ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум бунёд мешавад ва аллакай кори сохтмони осорхонаи мазкур оғоз шудааст.
Шарифзода гуфт, аз рӯйи барномарезӣ то ҷашни 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон он пурра бунёд ва ба истифода дода мешавад. Ҷашни 35-солагии истиқлоли кишвар моҳи сентбяри соли равон таҷлил мешавад.
Дар мавриди он ки дар Осорхонаи Нусратулло Махсум чиҳо гирдоварӣ мешавад, ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки аз ҳамаи пайвандони марҳум ва ҳамдиёрони ӯ хоҳиш кардаанд, ки ҳар гуна ашё ё лавозимоте, ки ба Қаҳрамони Тоҷикистон марбут аст, дастраси масъулин кунанд.

Нусратулло Махсум сиёсатмадори тоҷик ва яке аз асосгузорони Тоҷикистони шӯравӣ аст. Ӯ соли 1926 аввал раиси Тоҷикистони мухтори шӯравӣ дар ҳайати Ӯзбекистон ва баъдан, соли 1929 баъди таъсиси Тоҷикистон дар ҳайти шӯравӣ раиси он интихоб гардида, то декабри соли 1933 дар ин вазифа кор кардааст.
Сипас чанд сол дар Маскав фаъолият кард. Ӯ дар пайи таъқиботи сталинӣ соли 1937 дар шаҳри Маскав ба қатл расонида шуда, дар яке аз қабристонҳо дар гӯри дастаҷамъӣ ба хок супорида шуд. Баъди 20 сол, соли 1957 ӯро бегуноҳ эълон карданд. Барои ҷонфидоияш, соли 2006 ба ӯ унвони баланди Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
Рӯзи 19-уми май муште аз хоки Нусратулло Махсум ва ду ҳамовардаш Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммадро ба Душанбе оварда, дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд.
Бештар дар ин бора дар навори мо тамошо кунед: “Хаёл кардам, бобоям нав даргузашт”. Хоки қаҳрамонҳои Тоҷикистонро дар оромгоҳи “Лучоб” дафн карданд







