Қироншоҳ Шарифзода, муҳаққиқи шинохта ва устоди факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки “Азия-Плюс” бо нигоҳ доштани фаҳмиши умумимиллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ, ба як расонаи муқтадир табдил ёфтааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин расона дар марҳалаҳои ҳассоси фазои иттилоотӣ, махсусан ҳангоми баҳсҳои марзӣ ва таърихазхудкунии кишварҳои ҳамсоя, мавқеи устувори миллатдӯстона нишон дода, барои дигар нашрияҳо намунаи ибрат шуд.
Ба қавли мутахассис, бо ду забон (тоҷикӣ ва русӣ) фаъолият кардани сомона обрӯи онро дучанд кард ва имрӯз ин расона ба манбаи боэътимоди иттилоот барои Тоҷикистон ва тамоми минтақа, аз ҷумла Афғонистону Эрон, табдил ёфтааст.
Ба ақидаи Шарифзода, ки роҳбари пешини Шӯрои ВАО низ буд, бархурдории расона аз меъёрҳои байналмилалӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ намуна аст.
“Дар шароити имрӯза, ки шабакаҳои иҷтимоӣ сареъанд, “Азия-Плюс” бояд бо нигоҳ доштани мустақилияти редаксия, бахши таҳлилии худро бо ҷалби коршиносон васеътар кунад”, – иброз дошт Шарифзода.
Қироншоҳ Шарифзода суҳбати худро бо як орзуи нек ҷамъбаст карда, афзуд, ки 30-солагӣ барои як нашрияи ҷиддӣ чандон соли дароз нест ва орзу кард, ки ин сисолаҳо барои “Азия-Плюс” ва расонаҳои мустақили Тоҷикистон ба 100-солагиҳо табдил ёбанд. Муфассал дар ин навор тамошо кунед:







