Тамокуҳои электронӣ ба ҷои сигорҳои маъмулӣ. Фирор аз як дом ба доми дигар?

Имрӯз дар ҷаҳон Рӯзи будини тамоку таҷлил мешавад.

Мубораки Қосим, махсус барои asia+

Вақтҳои охир истифодаи тамоку ё сигорҳои электронӣ (вейп) байни аҳолӣ, махсусан ҷавонон “мӯд” шудааст. Бархе агар аз рӯи ҳавову ҳавас онро истифода кунанд, қисми бо ҳадафи даст кашдин аз тамокуҳои маъмулӣ, сигорҳои электронӣ мекашанд. Онҳо бовар доранд, ки зарари “вейп”-ҳо нисбат ба тамокуҳои маъмулӣ камтар аст. Вале мутахассисон ва духтарон назари баръакс доранд.

Ҳамасола 31-уми май дар аксари кишварҳо Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку таҷлил мешавад, ки як имкони хубест, барои бознигарии одати тамокукашӣ ва зиёну осебҳои он.

Мадина, номи мустаори зани 27 солаест, ки 8 сол боз аз тамокуҳои электронӣ истифода мебарад. Ӯ мегӯяд, ҳангоми дар Лаҳистон таҳсил карданаш аз рӯи ҳавас ба он рӯй овард, вале баъдан, одат кард ва ҳоло чанд сол аст, ки наметавонад аз он даст кашад.

“Он вақт “вейп” чизи нав буд, барои ман ҷолиб буд ва фикр мекардам ба саломатӣ ҳеҷ зараре надорад. Аммо ҳоло хуб медонам, ки бароям хеле хатарнок аст — вале бе ин чиз зиндагӣ карда наметавонам”, – нақл кард ӯ.
Акси марбут аз муаллиф

Аксаран, махсусан ҷавонон бо баҳонаи он ки аз сигорҳои маъмулӣ дур мешаванду бо мурури замон аз истифодаи тамокуҳои электронӣ ҳам даст мекашанд, ба кашидани “вейп” рӯй оварданд.

Вале Умед Рашидов, табиб-нарколог мегӯяд, дар таркиби ҳама намуди сигорҳо “никотин” мавҷуд аст ва он моддаи вобастакунанда буда, ба саломатӣ зараровар аст.

Марҷона Мусоева, духтури дилшинос аз Бемористони Ибни Сино мегӯяд, ҳамаи намуди тамокуҳо, аз ҷумла сигорҳои электронӣ бар дил зиён меоваранд ва инкишофи бемориҳои дилу рагҳоро метезонанд. Инчунин метавонад ба дарди сина, ишемия ва хавфи баланди сактаи дил оварда расонад.

Ба таъкиди вай, истифодаи тамокуҳо, хоҳ маъмулӣ ва хоҳ электронӣ яке аз омилҳои асосии хатари сактаи дил, сактаи мағз, бемориҳои шуш ва саратон мебошад.

Марҷона Мусоева. Акс аз муаллиф

Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи ин духтури тоҷик, даст кашидан аз ҳарду мумкин аст, вале муҳим қарор ҷиддӣ қабул карда шуд, санаи дақиқи қатъи тамокукаширо муайян бояд кард.

“Сигор ва ашёҳои вобастаро аз хона дур карда,аз ҳолатҳое, ки хоҳиши кашиданро ба вуҷуд меоранд, худдорӣ кардан зарур аст. Фаъолияти ҷисмонӣ, сайругашт, нӯшидани об ва хоби пурра дар ин давра кӯмак мерасонанд. Ҳангоми пайдо шудани хоҳиш, машқҳои нафаскашӣ ё сайри кӯтоҳ муфид аст. Агар даст кашидан душвор бошад, ба духтур муроҷиат кунед. Усулҳои муосир, аз ҷумла табобати ивазкунандаи никотин, метавонанд кумак расонанд”- мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Мадина ҳоло бо ҳар роҳе мехоҳад аз тамокуи электронӣ даст кашад, аммо мегӯяд барояш осон нест. Ӯ ҳеҷгоҳ фикри кашидани ягон навъи сигорро намекард, аммо мегӯяд муҳите, ки дар он таҳсил мекард, барояш беасар намонд.

“Медонам, ки вейп зараровар аст, ҳоло камёфт ва нисбати пешина гаронтар аст — аммо боз ҳам наметавонам аз он халос шавам”-мегӯяд Мадина.

Имрӯз зиёда аз 40 кишварсигорҳои электрониро бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ пурра манъ кардаанд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аллакай қонунҳои манъи сигорҳои электрониро қабул кардаанд.

Ҳоло истифодаи тамокуҳои электронӣ дар Тоҷикистон манъ нашудааст. Вале чанде пеш Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз истифодаи сигорҳои электронӣ, бахусус, дар байни наврасон “нигаронии ҷиддӣ” карда, дастур дода буд, ки барои манъи истифода, истеҳсол ва муомилоти сигорҳои электронӣ дар сатҳи қонунгузорӣ чораҳо андешида шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.