Мақомоти корҳои дохилӣ аз боздошти як марди 36-сола хабар доданд, ки ба куштори раиси як маҳалла дар деҳаи Метки ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич гумонбар мешавад.
Қаблан, “Азия-Плюс” бо такя ба мақомоти маҳаллӣ ва сокинон аз дарёфти ҷасади Охун Раҷабови 65-сола, раиси шӯрои маҳаллаи деҳаи Метки ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳия аз саҳро хабар дода буд. Он замон маълум набуд, ки Раҷабовро кӣ ва чаро куштаст.
Имрӯз, 2-юми июн ВКД бо тасдиқи ин хабар навишт, ки ҳодиса рӯзи 30-юми май тахминан соати 22:00 рух дода, Ашураҳмад Аъзамҷони 36-сола, сокини ҳамин ноҳия “дар заминаи хусмату бадбинӣ” Раҷабовро дар дохили автомашинаи тамғаи “Муссо” ду маротиба бо корд задааст, ки дар натиҷа Раҷабов Охунҷон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
“Ашураҳмад Аъзамҷон баъди содир кардани ҷиноят бо мақсади фирор аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷойи ҳодисаро тарк кардааст. Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ӯро дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон боздошт намуданд”.

Манбаъ аз рӯйи нишондоди гумонбаршуда гуфтааст, ки сабаби ҳодиса ин будааст, ки гӯё “марҳум Раҷабов Охунҷон дар деҳа нисбати ӯ ва ҳамсараш беасос овозаҳои бадномкунанда паҳн кардааст”. Тасдиқи ин гуфтаҳо тавассути манобеи дигар ғайриимкон аст.
ВКД гуфтааст, ки дар робита ба ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дастгиршуда ба ҳабси пешакӣ қарор дорад. Вале ин ниҳод нагуфтааст, ки бо кадом модда ва нисбати кӣ паврандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Назари Аъзамҷон Ашураҳмад ва наздикони ӯ дар робита ба ҳодиса маълум нест.
Ҷасади Раҷабов Охунҷон рӯзи 1-уми июн ба хок супорида шуд. Ӯ соҳиби 5 фарзанд буд.








