Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, намояндаи парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ мӯътақид аст, ки сафар ба Маскав ва иштирок дар
ҷаласаҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои ҳайати Тоҷикистон осон нахоҳад буд.
Дар мавриди вақтҳои ахир ба сардӣ гаравидани муносибати Русияву Тоҷикистон М.Кабирӣ мегӯяд, ҷонибҳоро лозим аст ба изҳороти Медведев дар Тошканд ва нотаи эътирозии Вазорати умури хориҷии Тоҷимкистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир насозанд. «Ба ҳайати Тоҷикистон аз ҳарвақта дида маҳз дар ҳамин давра дурандешиву ботамкинӣ зарур аст ва дар ҳамин ҳол, ҷонибҳоро мебояд дар пасманзари дигар муносиботи тарафайн ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъдаро дар чаҳорчӯбаи СААД ва ЕврАзЭС мушаххас созанд», – гуфт М.Кабирӣ ва афзуд, ки ба ақидаи ӯ, чунин тарзи муносибат минбаъд ба вазъи мавҷудаи душвор нуқта хоҳад гузошт, зеро «ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон ба ҳамдигар ниёз доранд».
Раиси ҲНИТ таъкид месозад, ки ҳайати Тоҷикистонро зарур аст, тариқи гуфтушунид мавқеи ниҳоии Маскавро оид ба муносибат ба лоиҳаҳои афзалиятнок ва ҳаётан муҳими Тоҷикистон муайян намояд.



