Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ аз ҷараёни омодагии техникаи махсус ва заҳрҳои кимиёвӣ ба мавсими киштукор қаноатманд нест

Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов аз фаъолияти муассисаҳои давлатӣ оид ба муҳофизати растаниҳо ва мубориза бо малах ба мавсими киштукори имсола изҳори норозигӣ кард. Тавре сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, зимни ҷаласа бо иштироки мақомоти раҳбарӣ ва коршиносони ин муассисаҳо Қ.Қосимов аз ҷараёни омодагии техникаи […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов аз фаъолияти муассисаҳои давлатӣ оид ба муҳофизати растаниҳо ва мубориза бо малах ба мавсими киштукори имсола изҳори норозигӣ кард.




Тавре сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, зимни ҷаласа бо иштироки мақомоти раҳбарӣ ва коршиносони ин муассисаҳо Қ.Қосимов аз ҷараёни омодагии техникаи махсус ва заҳрҳои кимиёвӣ барои мубориза бо малах ба мавсими киштукор изҳори норозигӣ кард.



Ба гуфтаи Н.Додобоев, вазир супориш дод, ки дар муддати ду ҳафта барои соли 2009 ду барнома – «Барномаи мубориза бо малах» ва «Барномаи муҳофизати растаниҳо» таҳия гардад. Қобили зикр аст, ки соли гузашта майдони 130 ҳазор гектар замин дар кишвар мавриди ҳуҷуми малахҳо қарор гирифта буд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.