Имрӯз вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ба ҷумҳуриамон бо сафари расмӣ вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Ирон – Сайидмасъуд Миркозимӣ меояд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд, ҳадаф аз боздиди дурӯзаи вазири иронӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ миёни ду кишвар арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, пагоҳ оқои Миркозимӣ бо нахуствазири […]

Виктория Наумова



Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» –

Имрӯз ба ҷумҳуриамон бо сафари расмӣ вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Ирон – Сайидмасъуд Миркозимӣ меояд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд, ҳадаф аз боздиди дурӯзаи вазири иронӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ миёни ду кишвар арзёбӣ мешавад.



Ба гуфтаи манбаъ, пагоҳ оқои Миркозимӣ бо нахуствазири мамлакат Оқил Оқилов, вазири рушди иқтисоду савдо Ғуломҷон Бобозода ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Фардо иштироки вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Ирон дар маросими гузоштани хишти аввали бинои Маркази тиҷории Ирон дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст. 5 –уми феврал Сайидмасъуд Миркозимӣ бо вазири корҳои хориҷа Ҳамрохон Зарифӣ ва вазири энергетика ва саноати мамлакат Гул Шералӣ мулоқот хоҳад кард.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.