Э.Раҳмон озими Маскав мешавад

            Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ дар кори нишастҳои ғайринавбатии сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ширкат хоҳад варзид.             Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, нимаи дуввуми имрӯз ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии президенти мамлакат […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ дар кори нишастҳои ғайринавбатии сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ширкат хоҳад варзид.





           

Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, нимаи дуввуми имрӯз ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии президенти мамлакат бо шумули кормандони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, роҳбарони як қатор идораву вазоратҳо ва намояндагони ВАО озими шаҳри Маскав хоҳад шуд. «Тоҷикистон кӯшиш хоҳад кард, минбаъд низ дар фаъолияти созмонҳое чун СААД ва ЕврАзЭС саҳми муносиб дошта бошад», – гуфт манбаъ.




           

Ёдрас мекунем, ки чанд рӯзи ахир як қатор васоити ахбори омма бо истинод ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар бораи мавқуф гузоштани сафарҳои сарвари давлат дар даҳаи аввали моҳи феврал матолиб интишор сохта буданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.