Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон озими Маскав шуд

Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Соатҳои наздик котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов ва муовини аввали вазири дифои кишвар Рамил Нодиров ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷа, мудофиа ва Кумитаи дабирони Шӯрои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Маскав сафар мекунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуотии Паймони […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Соатҳои наздик котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов ва муовини аввали вазири дифои кишвар Рамил Нодиров ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷа, мудофиа ва Кумитаи дабирони Шӯрои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Маскав сафар мекунанд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуотии Паймони амнияти дастаҷамъӣ хабар доданд, нишасти муштараки намояндагони Шӯроҳо пагоҳ ба кори худ шурӯъ хоҳад кард. Ба рӯзномаи ҷаласа барои баррасӣ масоили марбут ба баланд бардоштани потенсиали Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар роҳи таъмини амнияти дастаҷамъии кишварҳои аъзои он ворид гардидааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.