Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» –
Имрӯз ба ҷумҳуриамон бо сафари расмӣ вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Ирон – Сайидмасъуд Миркозимӣ меояд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд, ҳадаф аз боздиди дурӯзаи вазири иронӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ миёни ду кишвар арзёбӣ мешавад.
Ба гуфтаи манбаъ, пагоҳ оқои Миркозимӣ бо нахуствазири мамлакат Оқил Оқилов, вазири рушди иқтисоду савдо Ғуломҷон Бобозода ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Фардо иштироки вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Ирон дар маросими гузоштани хишти аввали бинои Маркази тиҷории Ирон дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст. 5 –уми феврал Сайидмасъуд Миркозимӣ бо вазири корҳои хориҷа Ҳамрохон Зарифӣ ва вазири энергетика ва саноати мамлакат Гул Шералӣ мулоқот хоҳад кард.



