Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе иштирокдорони «Мактаби журналистикаи иқтисодӣ» масоили таҳлил ва муайян сохтани сатҳи журналистикаи тоҷик дар инъикоси мавзӯъҳои иқтисодиву иҷтимоиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Мактаб дар доираи татбиқи барномаи Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Осиёи Марказӣ Инвест», ки ба баланд бардоштани сатҳи огаҳии ВАО дар инъикоси масоили иқтисодӣ мусоидат карда, тавассути лоиҳаи «Баланд бардоштани касбият ва таъсири ҷамъиятии иттиҳодияҳои тиҷоратӣ – миёнаравҳо» амалӣ мегардад, аз ҷониби созмони ҷамъиятии «Хома» созмон дода шудааст.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, лоиҳа аз тарафи созмони «Интернюс Аврупо» дар ҳамдастӣ бо шарикони маҳаллӣ – созмони «Хома» ва Ассотсиатсияи миллии корхонаҳои хурд ва миёна амалӣ мегардад. «Барои иштирок дар кори мактаб аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ рӯзноманигорони васоити ахбори умуми чопӣ ва электронӣ даъват шуданд», – гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ – тавсеъа ва густариши донишҳои иқтисодии рӯзноманигорон, инъикоси дурусти мавзӯъҳои иқтисодӣ дар ВАО ва муайян сохтани иштибоҳоти қолабиву хос зимни инъикоси мавзӯъҳои бахшида ба иқтисод аст.
Зикр гардид, ки ба сифати омӯзгорон дар мактаб рӯзноманигори телевизион бо собиқаи 20-солаи корӣ – Магда Уолтре (Бритониёи Кабир), рӯзноманигори маъруфи бахши тиҷорат – Бактжан Жумалиева (Қазоқистон) ва доктори улуми иқтисод Ҳоҷимуҳаммад Умаров фаъолият хоҳанд кард.
Кори мактаб рӯзи 31-уми июл анҷом ёфта, ба иштирокдорони он гувоҳномаи хатми давраи омӯзишии журналистикаи иқтисодӣ супурда хоҳад шуд.


