Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Вазорати маорифи ҶТ маросими муаррифии ҳудуди 120 ҳазор номгӯи асбобу лавозимоти аёнӣ барои синфхонаҳои риёзии макотиби таҳсилоти умумӣ баргузор шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати маорифи ҶТ Ноилшо Нуралиев иттилоъ дод, асбобу лавозимоти аёнии мазкур ба маблағи умумии 292 ҳазор доллари ИМА дар чаҳорчӯбаи Созишномаи баимзорасида миёни ҳукумати ҶТ ва Бонки ҷаҳонӣ харидорӣ шуданд.
Ба гуфтаи Н.Нуралиев, асбобу лавозимоти мазкур баҳри кӯмак ба риёзидонони ҷавон пешбинӣ шуда, он рӯзҳои наздик дар байни ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ тақсим карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки феълан дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 810 мактаби таҳсилоти умумӣ амал мекунанд.


