Ба макотиби таҳсилоти умумии кишвар 120 ҳазор номгӯи асбобу лавозимоти аёнӣ барои синфхонаҳои риёзӣ супурда мешавад

            Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Вазорати маорифи ҶТ маросими муаррифии ҳудуди 120 ҳазор номгӯи асбобу лавозимоти аёнӣ барои синфхонаҳои риёзии макотиби таҳсилоти умумӣ баргузор шуд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати маорифи ҶТ Ноилшо Нуралиев иттилоъ дод, асбобу лавозимоти аёнии мазкур ба маблағи умумии 292 ҳазор доллари […]



           

Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Вазорати маорифи ҶТ маросими муаррифии ҳудуди 120 ҳазор номгӯи асбобу лавозимоти аёнӣ барои синфхонаҳои риёзии макотиби таҳсилоти умумӣ баргузор шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати маорифи ҶТ Ноилшо Нуралиев иттилоъ дод, асбобу лавозимоти аёнии мазкур ба маблағи умумии 292 ҳазор доллари ИМА дар чаҳорчӯбаи Созишномаи баимзорасида миёни ҳукумати ҶТ ва Бонки ҷаҳонӣ харидорӣ шуданд.




           

Ба гуфтаи Н.Нуралиев, асбобу лавозимоти мазкур баҳри кӯмак ба риёзидонони ҷавон пешбинӣ шуда, он рӯзҳои наздик дар байни ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ тақсим карда мешавад.




           

Қобили зикр аст, ки феълан дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 810 мактаби таҳсилоти умумӣ амал мекунанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.