Коршиносони кишварҳои узви ИДМ лоиҳаи Консепсияи ҳамкорӣ дар бахши фарҳангро таҳия месозанд

            Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 28-29-уми июл дар шаҳри Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба таҳияи лоиҳаи мукаммали Консепсияи ҳамкорӣ дар бахши фарҳанг миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.             Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, санади мазкур маҷмӯи назару ақидаҳо ва пешниҳодоти расмӣ ба аҳдоф, вазифаҳо ва самтҳои […]



           

Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 28-29-уми июл дар шаҳри Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба таҳияи лоиҳаи мукаммали Консепсияи ҳамкорӣ дар бахши фарҳанг миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.





           

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, санади мазкур маҷмӯи назару ақидаҳо ва пешниҳодоти расмӣ ба аҳдоф, вазифаҳо ва самтҳои асосии ҳамкориҳо дар бахши фарҳангро дар бар мегирад. «Масалан, дар он усулҳои ҳамкорӣ дар кори нигаҳдории осори фарҳангӣ, дастгирии санъати театриву мусиқӣ ва рассомӣ, рушди индустрияи фарҳанг дарҷ ёфтаанд», – гуфта мешавад дар иттилоъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, амалисозии Консепсия барои ҳамгиройии кӯшишоти кишварҳои иттиҳод дар самти пос доштан ва рушди фарҳанги миллии кишварҳо шароити мусоид фароҳам хоҳад кард.




 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.