Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ шумори беморони домана дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 баробар афзуд.
Дар нишасти матбуотӣ вазири тандурустии ҶТ Нусратулло Салимов изҳор дошт, ки шурӯъ аз оғози соли ҷорӣ дар кишвар 338 ҳодисаи гирифтор шудан ба бемории домана ба қайд гирифта шудааст. «Сабаби асосии ба ин беморӣ мубтало гаштан – сифати ғайриқаноатбахши оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳо буда, феълан дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳолати низоми обу корез хеле бад аст, ки ба зуҳуру афзоиши бемориҳои сироятӣ боис мегардад», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вазир, дар ин давра ҳодисаҳои гирифторӣ ба бемории домана аз ҳама бештар дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Исфара ба мушоҳида расидаааст. «Тайи 3-4 соли ахир зуҳури бемории домана дар ноҳияи Кӯлоб зиёд сабт мегардиданд, вале феълан вазъ дар ин ноҳия хеле беҳтар шуд, – афзуд Н.Салимов.


