Душанбе. 23-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон муовини вазири умури хориҷии ҶТ Абдулло Юлдошев изҳор дошт, ки чунин фикр кардан нашояд, ки гӯё миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон муносиботи махсуси на он қадр хуб мавҷуд аст. «Миёни кишварҳо муносиботи маъмули ҳамсоягӣ мавҷуд аст, ки метавонад ҳам ҷанбаҳои мусбӣ ва ҳам манфӣ дошта бошад», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи муовини вазир, феълан дар марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон 29 гузаргоҳ мӯътадил фаъолият дорад ва ин нишондиҳандаи муносиботи мӯътадили кишварҳо аст. «Дар мавриди ҷорӣ сохтани раводид миёни кишварҳо қайд карданиам, ки чунин шакли муносибат байни кишварҳо дар тамоми ҷаҳон маъмул аст ва арзиши раводид ҳам хеле ночиз аст», – изҳор дошт вай.
Дар мавриди таркиши минаҳо дар марз ва ба ҳалокат расидани одамон бар асари он, А.Юлдошев гуфт, дар ин самт корҳо бурда мешаванд. «Дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбакистон ва Қирғизистон ҳанӯз ҳудуди 600 километри сарҳад аломатгузорӣ нашудааст ва мақомоти раҳбарии ҶТ ҷонибдори зудтар ҳал гардидани масъалаи мазкур аст», – афзуд А.Юлдошев.


