Боздошти ҷанговарони пешвои ҲИӮ Тоҳир Юлдошев

            Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири умури дохилии ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров изҳор дошт, ки чанд рӯз қабл мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гурӯҳи афродеро боздошт намуданд, ки ният доштаанд, дар қаламрави Тоҷикистон як қатор амалҳои террористӣ анҷом диҳанд.             Дар яке аз мақомоти қудратии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» ҷузъиёти муфассали масъалаи […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири умури дохилии ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров изҳор дошт, ки чанд рӯз қабл мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гурӯҳи афродеро боздошт намуданд, ки ният доштаанд, дар қаламрави Тоҷикистон як қатор амалҳои террористӣ анҷом диҳанд.





           

Дар яке аз мақомоти қудратии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» ҷузъиёти муфассали масъалаи мазкурро шарҳ доданд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 18-уми июл дар посгоҳи ноҳияи Дарвоз автомашинаи навъи «Toyota Land Cruiser» бо се нафар мусофири озими шаҳри Душанбе боздошт шуда, зимни бозпурсии кормандони милиса онҳо посухҳои мушаххасе надода ва дар натиҷа кормандони милиса муваққатан ин афродро боздошт кардаанд. Сипас маълум шудааст, ки онҳо узви фаъоли Ҳаракати исломии Ӯзбакистон (ҲИӮ) буда, дар задухӯрдҳои мусаллаҳона муқобили нерӯҳои эътилоф дар Афғонистону Покистон ва нерӯҳои ҳукумати Покистон дар Вазиристон ширкат варзидаанд. Тибқи нишондоди боздоштшудагон, онҳо мувофиқи дастури роҳбари ҲИӮ Тоҳир Юлдошев, ки онҳо ӯро «Амирсоҳиб» ном мебаранд, барои анҷом додани як қатор амалҳои терррористӣ ба Тоҷикистон омадаанд.




           

Тибқи маълумоти сарчашма, ду нафар боздоштшуда аз ноҳияҳои Исфараву Тавилдара буда, нафари саввум бо шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон сокини вилояти Тахори Афғонистон будааст.




           

Зикр гардид, ки ҳангоми кофтукови манзили зисти онҳо дар Хоруғ, ки муваққатан ба иҷора гирифта буданд, силоҳи оташфишон, норинҷакҳо, миқдори зиёди маводи тарканда ва воситаҳои муосири барқарор кардани алоқа дарёфт ва мусодира карда шудаанд. «Айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҷиҳати боздошти аъзои боқимондаи гурӯҳ ва ҳаммаслакони онҳо аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон чораҳо меандешанд», – афзуд манбаъ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.