Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки дар назди ҳукумат Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис дода шавад



           

Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар паёми телевизионии худ ба мносибати 20-уми солгарди қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи забон» президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ба хотири такони нав бахшидан ба фаъолияти сохторҳои илмӣ, идорӣ ва махсусан Кумитаи истилоҳоти назди Раёсати Академияи илмҳо ва Комиссияи татбиқи забони назди Ҳукумат дар масъалаи танзими истилоҳот, аз ҷумла истилоҳоти илмӣ, фаъолияти коргузорӣ, ҳифз ва покиза нигоҳ доштани забони адабӣ, мусоидат ба ҳалли масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълими забони давлатӣ ва муҳимтар аз ҳама, риояи ҳатмии Қонуни забон

 

аз ҷониби тамоми афроди ҷомеа зарурати таъсиси як сохтори мустақил – Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш омадааст.




Дар паёми телевизионӣ ҳамчунин омадааст: «Аз рӯзи таърихии қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола ҳамчун Рӯзи забон таҷлил мегардад, бист сол сипарӣ мешавад. Дар ин фосилаи начандон тӯлонии таърихӣ дар кишварамон таҳаввулоту дигаргуниҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба вуқӯъ омаданд, ки муҳимтарини онҳо соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардидани Ватани азизамон-Тоҷикистон мебошад.



Ҳоло дар кишвари мо барои рушди забони давлатӣ ва тавсеаи мақоми он тамоми заминаҳои моддӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд, яъне забони тоҷикӣ, ки ба он тибқи Конститутсия мақоми давлатӣ дода шудааст, таҳти ҳимояи доимии давлат қарор дорад. Имрӯз забони давлатӣ ҳамчун омили муҳими пешбурди умури давлатдорӣ ва тавсеаву таҳкими муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар муоширати байни шаҳрвандони кишвар ба таври озод истифода мешавад. Дар ин раванд ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки забон дар ҳама давру замонҳо яке аз омилҳои асосии пойдории истиқлолияти миллӣ мебошад. Ҳамчунин собиқаи таърихии забони тоҷикӣ аз замони давлатдории Сомониён то имрӯз гувоҳи он аст, ки ин лаҳни шево ва забони ширину шоирона дар ҷаҳон ҳамчун забони илму адаб ва фарҳанги воло шӯҳрат дорад.



Инчунин забони тоҷикӣ ҳамчун забони тарҷумаву тафсири китоби муқаддаси мо, мусулмонон – Қуръони карим пазируфта шудааст, ки ин худ далели шинохт, эътироф ва мартабаи бузурги он дар ҷаҳони ислом мебошад. Дар баробари ин, мо бояд кӯшиш намоем, ки дар давраи пешрафту таҳаввулоти босуръати техникӣ ва технологӣ забони мо дигаргуниҳои ҷаҳони муосирро фаро гирифта, онҳоро бо дарназардошти табиат ва имкониятҳои худ дарҷ ва ҳазм карда тавонад. Барои таъмин кардани раванди дурусти инкишофи забони адабӣ ва истифодаи васеи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа зарур аст, ки барномаи давлатии рушди забони миллӣ таҳия карда шавад. Ин барнома бояд тамоми масъалаҳои назария ва амалияи инкишофи забони давлатиро бо дарназардошти таҳаввулоти минбаъдаи он дарбар гирифта, таҳкими мавқеъ ва густариши истифодаи забонро дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ таъмин намояд. Аз ин рӯ, яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки бояд мавриди таҳқиқи ҷиддии донишмандон, махсусан забоншиносон қарор гирад, масъалаи муқаррар намудани меъёрҳои забони адабӣ мебошад. Забони давлатиро бояд бар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, онро аз ҳама гуна қолабҳои сунъии бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ озод кардан лозим аст. Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки инкишофи устувори забонро танҳо дар асоси риояи қоидаҳо ва қонуниятҳои меъёрӣ ва таърихии он таъмин кардан мумкин аст. Дар ин самт рӯзномаву маҷаллаҳо, радиову телевизион ва дигар воситаҳои иттилоотӣ бояд нақши бузург дошта бошанд.



Ташкили барномаҳои махсуси ҷолиб тавассути шабакаҳои радиову телевизиони марказӣ ва маҳаллӣ роҷеъ ба забони тоҷикӣ, тарғибу ташвиқи асолати он ва танзими фаъолияти воситаҳои таблиғоту иттилоот бо забони давлатӣ аз ҷумлаи

 

вазифаҳои муҳимтарини рӯз мебошанд. Вале бояд гуфт, ки фазои иттилоотӣ танҳо аз рӯзномаву маҷалла ва шабакаҳои радиову телевизион иборат набуда, балки он имрӯз дар шароити пешрафти босуръати технологияи компютерӣ ва интернет хусусияти умумимилливу умумифарҳангӣ пайдо кардааст ва аз мактабу маориф шурӯъ карда, то оддитарин роҳҳои ирсоли маълумот ва дигар воситаҳои алоқаро фаро

 

мегирад. Ин масъала бо истифодаи ҳамаҷонибаи технологияҳои навтарин ва имкониятҳои фазои иттилоотӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ зарур аст, ки бо мақсади

 

инкишофи минбаъдаи забони давлатӣ ва ҷорӣ кардани он дар расонаҳои иттилоотии муосир доир ба таҳияву ташкили барномаи мустақил ва мукаммали компютерӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шаванд. Имрӯз дар Тоҷикистон баъзе рӯзномаҳое низ фаъолият доранд, ки забони онҳо ба талаботи забони меъёр ва завқи солим ҷавобгӯ нест. Дар маводи чопкардаи ин рӯзномаҳо меъёрҳои муқарраргардидаи забони адабӣ ва ҳатто қоидаҳои қабулшудаи имло риоя намешаванд. Баъзе аз рӯзноманигорон калимаҳову истилоҳоти душвор ва барои омма номафҳумро дониставу надониста ба кор мебаранд. Ин падидаи номатлуб ҳамчунин

 

сабабгори ба забон роҳ ёфтани унсурҳои бегонаи ғалат ва баъзан сунъиву тасодуфӣ гардидааст. Акнун замоне фаро расидааст, ки мо низ бояд мисли дигар кишварҳои пешрафтаву мутамаддин пайваста дар андешаи пок ва солим нигоҳ доштани забони давлатии худ бошем, вуруди ҳар як унсури навро ба забон дар асоси меъёрҳои адабӣ танзим намоем ва дар навбати аввал ба ҳама гуна ғалатгӯиву ғалатнависӣ хотима бахшем. Интихоб, танзим ва истифодаи истилоҳу мафҳумҳои нави ҷаҳонӣ дар тамоми бахшҳои ҳаёти ҷомеа яке аз муҳимтарин вазифаҳоест, ки онро бояд мутахассисони варзида бо масъулияти тамом ба дӯш дошта бошанд. Дар хотир бояд дошт, ки барои тақвияти истиқлоли фарҳанги миллӣ, пеш аз ҳама, пояҳои забони миллиро устувор кардан зарур аст.



Ҳамчунин хотирнишон бояд кард, ки илми воқеан миллӣ дар асоси забони миллӣ таъсис ва ташаккул дода мешавад, ки инро таҷрибаи дигар кишварҳо кайҳо собит кардааст. Забони тоҷикӣ фақат дар сурате ҳамчун забони илму фарҳанг мавриди истифодаи васеъ қарор мегирад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шавад. Ва чунон ки дар суханронии худ ҳангоми мулоқоти имсола бо зиёиёни кишвар таъкид карда будам, зарурати таҳияи истилоҳоти илмӣ барои бахшҳои мухталифи забони тоҷикӣ натанҳо вазифаи илми забоншиносӣ, балки масъалаи рӯзмарраи сиёсати давлат оид ба забон,

 

бахусус забони давлатӣ мебошад. Бо дарназардошти ин нукта ва ба хотири такони нав бахшидан ба фаъолияти сохторҳои илмӣ, идорӣ ва махсусан Кумитаи истилоҳоти назди Раёсати Академияи илмҳо ва Комиссияи татбиқи забони назди Ҳукумат дар масъалаи танзими истилоҳот, аз ҷумла истилоҳоти илмӣ, фаъолияти коргузорӣ, ҳифз ва покиза нигоҳ доштани забони адабӣ, мусоидат ба ҳалли масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълими забони давлатӣ ва муҳимтар аз ҳама, риояи ҳатмии Қонуни забон

 

аз ҷониби тамоми афроди ҷомеа имрӯз зарурати таъсиси як сохтори мустақил пеш омадааст. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки чунин сохтор дар шакли Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Илова бар ин, қабули ҳарчи зудтари қонуни нав дар бораи забон, ки аз ҷониби Ҳукумат таҳия шуда, ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст, зарур мебошад, зеро дар фосилаи бист соле, ки гузашт, талаботи замон дигар шуд. Имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсат, қонунгузорӣ, коргузорӣ, муоширати байни сокинони кишвар, забони илму фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма дар истифодаи васеъ қарор дорад».


spot_imgspot_img

Популярное