Таҷлили ҷашни Рӯзи забон дар Тоҷикистон

            Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи забон ҷашн гирифта мешавад.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, ба ин муносибат имрӯз дар боғи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии идона баргузоор мешавад, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҶТ дар ҳамдастӣ бо Кумитаи радиову телевизион […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи забон ҷашн гирифта мешавад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, ба ин муносибат имрӯз дар боғи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии идона баргузоор мешавад, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҶТ дар ҳамдастӣ бо Кумитаи радиову телевизион ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон созмон дода шудааст.




           

Ба гуфтаи Ш.Саидов, дар чорабиниҳои ҷашнӣ муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, намоянадгони мақомоти шаҳрдории пойтахт ва меҳмонон ширкат меварзанд. «Шоми имрӯз соати 17 дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон» ва майдони «800-солагии Москва» сайругашти оммавии шаҳрвандон, базмҳои шеъру суруд, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ ташкил карда мешавад», – гуфт ӯ.




           

Сухангӯи раиси пойтахт афзуд, имрӯз ҳамчунин дар Амфитеатр маҳфили идона бо иштироки донишмандону адибон, устодони санъат ва ҷавонони эҷодкори пойтахт баргузор шуда, дар китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ таҳти унвони «Забон – боигарии миллат» конфронси илмӣ доир мегардад.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.