Аз шумораи умумии муҳоҷирони тоҷик 15 дарсадашро занон ташкил медиҳанд

            Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни як нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Қимматгул Аллабердиева изҳор дошт, ки тибқи маълумоти расмӣ, 54 ҳазор нафар занони тоҷик феълан дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, вале шумораи воқеии онҳо бамаротиб зиёд аст.             Номбурда гуфт, дар ҷараёни сафари […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни як нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Қимматгул Аллабердиева изҳор дошт, ки тибқи маълумоти расмӣ, 54 ҳазор нафар занони тоҷик феълан дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, вале шумораи воқеии онҳо бамаротиб зиёд аст.





           

Номбурда гуфт, дар ҷараёни сафари ҳайати Тоҷикистон бо шумули намояндагони кумита, хадамоти муҳоҷирати ВКД ва сафорати Тоҷикистон дар Русия бо муҳоҷирзанон мулоқот сурат гирифта, пешниҳод шуд, ки Ассотсиатсияи занон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар назди кумита таъсис дода шавад, вале барои таъсиси чунин ниҳод бояд шумори муҳоҷирзанон 20 дарсад аз миқдори умумиро ташкил диҳад «Имрӯз ин нишондиҳанда ба 15 дарсад баробар аст», – гуфт ӯ.




           

Қ.Аллаберидева зикр кард, ки дар робита ба ин масъала кумита ният дорад, дар ҳамдастӣ бо намояндагони Кумитаи ҷавонон, Кумитаи давлатии омор ва хаадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ гурӯҳи корӣ таъсис дода, мониторинг баргузор созад. «Ба мо иттилооти дақиқ ва маълумоти мушаххаси оморӣ дар бораи шумораи умумии занон дар хориҷи кишвар зарур аст», – изҳор дошт вай.




           

Муовини аввали раиси кумита афзуд, дар оянда кумита ҳамчунин шумори занони тоҷики дар маҳбасҳои Русия қарордоштаро низ дақиқан муайян карданист.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.