Бозрасии давлатии автомобилӣ ба баргузории амалиёти «Газ» дар роҳҳои мошингарди пойтахт шурӯъ кард

            Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе аз 21 то 31-уми июл дар роҳҳои мошингарди пойтахт таҳти унвони «Газ» амалиёт баргузор мекунад.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти шӯъбаи БДА дар пойтахт Шерафкан Латифов иттилоъ дод, ҳадафи аслӣ аз баргузории амалиёт – пешгирӣ ва ошкор […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе аз 21 то 31-уми июл дар роҳҳои мошингарди пойтахт таҳти унвони «Газ» амалиёт баргузор мекунад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти шӯъбаи БДА дар пойтахт Шерафкан Латифов иттилоъ дод, ҳадафи аслӣ аз баргузории амалиёт – пешгирӣ ва ошкор сохтани насби баллонҳои газӣ дар дохили мошинҳо аст. «Ғайр аз ин, дар чаҳорчӯбаи баргузории амалиёт баҳри

 

ошкор сохтани мошинҳое, ки бидуни иҷозатномаи дахлдор аз баллонҳои газӣ истифода мебаранду ё он ба талабот ҷавобгӯ нест, рейдҳо доир карда мешаванд», – гуфт ӯ.




           

Тибқи маълумоти БДА, дар пойтахт зиёда аз 40 ҳазор адад мошинҳои хусусӣ ва 7 ҳазор адад мошинҳои мутаалиқ ба тавозуни давлатӣ ба қайд гирифта шудаанд, вале кормандони БДА дақиқ огаҳ нестанд, ки чӣ миқдоре аз ин мошинҳо бо таҷҳизоти газӣ кор мекунанд.




 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.