Ба озмоишгоҳи ташхиси моддаҳои заҳрноки назди Вазорати тандурустии ҶТ таҷҳизоти ошкор сохтани маводи мухаддир супурда шуд

            Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи татбиқи Барномаи пешгирии паҳншавии маводи мухаддир дар минтақаи Осиёи Марказӣ имрӯз ба озмоишгоҳи назди Департаменти ташхиси судиву тиббии Вазорати тандурустии ҶТ таҷҳизоти махсус супурда шуд. Барномаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, онро Барномаи рушди СММ амалӣ месозад.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» […]



           

Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи татбиқи Барномаи пешгирии паҳншавии маводи мухаддир дар минтақаи Осиёи Марказӣ имрӯз ба озмоишгоҳи назди Департаменти ташхиси судиву тиббии Вазорати тандурустии ҶТ таҷҳизоти махсус супурда шуд. Барномаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, онро Барномаи рушди СММ амалӣ месозад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар ҶТ иттилоъ доданд, таҷҳизоти мазкур баҳри ошкор сохтани маводи мухаддир дар ҷисми инсон истифода бурда мешавад. «Истифодаи таҷҳизоти мазкур ба таври қобили мулоҳиза баргузории ташхис оид ба ҷой доштани маводи мухаддир дар ҷисмро тезонида, ба гирифтани маълумоти дақиқу мушаххас мусоидат мекунад», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, арзиши умумии таҷҳизот 17 ҳазор Евро буда, моҳи августи соли ҷорӣ оид ба тарзи кор бо таҷҳизот машғулиятҳои назарияву амалӣ гузаронида мешаванд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.