Кумитаи телевизиону радиои ҷумҳурӣ барои кормандони ин соҳа як ниҳоди такмили ихтисос таъсис доданист

Date:




           

Душанбе. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати ҶТ барои кормандони ин соҳа як ниҳоди такмили ихтисос таъсис доданист.







           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раиси кумитаи мазкур Асадулло Раҳмонов иттилоъ дод, сохтори номбурдаро дар заминаи маркази миллии аудиовизуалӣ, ки дар назди кумита фаъолият дорад, ташкил карданианд. «Мо бо чунин пешниҳод ба ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, умедворем, ки дар оғози соли ҷорӣ он ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард ва дар он ба ҷуз такмили ихтисоси кормандон, ҳамчунин баҳри ба кор омода сохтани рӯзноманигорони ҷавон, мутахассисони корҳои насб ва наттоқону дигар касбҳо шароит фароҳам хоҳад шуд», – гуфт ӯ.






           

Дар мавриди нақшаҳои ояндаи кумита А.Раҳмонов гуфт, боз ифтитоҳи як шабакаи махсуси варзишӣ ва шабакаи иттилоотӣ бо забони хориҷӣ дар назар аст.



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...