Э.Раҳмон аз намояндагони ваколатдори Тоҷикистон дар Русия даъват кард, ки ба мушкилоту эҳтиёҷоти шаҳрвандони давлати худ саривақт расидаг

Душанбе. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Маскав Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намояндагони доимии вазорату идораҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия ва созмонҳои минтақавии қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият мекунанд, машварати корӣ доир намуд. Дар машварат масоили вобаста ба иҷрои натиҷаҳои мулоқоти Президенти мамлакат бо тоҷикону ҳамватанони […]


Душанбе. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Маскав Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намояндагони доимии вазорату идораҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия ва созмонҳои минтақавии қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият мекунанд, машварати корӣ доир намуд.




Дар машварат масоили вобаста ба иҷрои натиҷаҳои мулоқоти Президенти мамлакат бо тоҷикону ҳамватанони муқими Русия, ки чанде пеш дар шаҳри Екатеринбург сурат гирифта буд ва масъалаи пуштибонии шоиста аз манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар ин кишвари паҳновар баррасӣ шуд.



Таъкид гардид, ки намояндагони ваколатдори Тоҷикистон аз мушкилоту эҳтиёҷоти шаҳрвандони давлати худ, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, бояд пайваста огоҳ бошанд ва

 

баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешанд.



Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо оид ба иҷрои содиқона ва бо масъулияти вазифаҳои давлатию шаҳрвандиашон дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон иттилоъ доданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.